Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ»

(АМОҶТ с.2015, №7-9, мод.702)

 

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

—  нақлиёти автомобилӣ маҷмўи иборатаз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, объектҳои инфрасохтори таъмини истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилгард;

воситаҳои нақлиёти автомобилӣ воситаҳое, ки барои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар роҳҳо пешбинӣ гардидаанд (автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, микроавтобусҳо,автомобилҳои боркаш ва махсус);

сўзишвории муҳаррик бензин, сўзишвории дизелӣ, гази моеъи табиӣ ва намудҳои дигари дорои энергия, ки дар муҳаррики дарунсўзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ истифода мешаванд;

— сифати сўзишвории муҳаррик маҷмўи хусусиятҳои физикию кимиёвии сўзишвории муҳаррик, ки дараҷаи мутобиқати онро ба талаботи стандарти давлатӣ ва (ё) шартҳои техникӣ нишон медиҳанд;

— таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ маҷмўи чорабиниҳое, ки ба коҳиш додан ва пешгирӣ намудани таъсири манфии нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ равона шудааст;

ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ба хизматрасонии техникӣ ва (ё) таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин азнавтаҷҳизонии онҳо бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи ғализии моддаҳои зараровари (ифлоскунандаи) ихроҷшуда ва ҳадди ҷоизи садо, ларзиш ва таъсироти манфии физикӣ машғул мебошанд;

— объектҳои  инфрасохтори нақлиёти автомобилӣкорхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки заминаи истеҳсолӣ дошта, ба хизматрасонии техникӣ ва (ё) таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт, таъмини онҳо бо сўзишвории муҳаррик, нигоҳдории борҳои тавассути нақлиёти автомобилӣ кашонидашаванда, ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовҳои дар натиҷаи истифода ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пайдошаванда машғул мебошанд;

— гази истифодашуда омехтаи газҳое, ки дар натиҷаи сўхтани сўзишвории муҳаррик пайдо шудаанд;

— заҳрнокии газҳои истифодашуда нишондиҳандаи таъсири зиёновари моддаҳои зараровар (ифлоскунанда) ба инсон, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ландшафт, ки дар партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷой доранд;

амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҳолати муҳофизатии инсон ва ҷамъият, инчунин муҳити зист аз оқибати зараровари истифодаи нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ;

таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тақсимоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қисмҳои таркибии сохти онҳо ва таҷҳизоти иловагӣ тибқи талаботи экологӣ дар асоси қоидаҳои амалкунандаи истифодабарии техникӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур     

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

— пешгирӣ, коҳиш додан, назорати маҷмўии ифлосшавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии нақлиёти автомобилӣ, инчунин  пайдошавии партовҳо, пасмондаҳо, дигар таъсироти манфие, ки дар натиҷаи истифодаи нақлиёти автомобилӣ пайдо мешаванд;

— баланд бардоштани сатҳи умумии ҳифзи муҳити зист аз таъсири техногенӣ, ки ҳангоми истеҳсол ва истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар натиҷаи нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда ба вуҷуд меоянд;

— таъмини амнияти истеҳсол ва истифодаи нақлиёти автомобилӣ барои муҳити зист ва саломатии аҳолӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ

Таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— афзалиятнокии таъмини амнияти экологӣ ҳангоми ташаккули сиёсати давлатӣ оид ба нақлиёт;

— ҳифзи саломатӣ, таъмини шароити мусоиди экологӣ барои ҳаёт, меҳнат ва фароғати инсон;

— ҳатмӣ будани танзими давлатии фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин қисмҳо ва маводи техникии истифодашаванда;

— дастгирии давлатии иқтисодӣ, танзим ва ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— илман асоснок будани қарорҳои қабулшаванда дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

 

Моддаи 5. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии  нақлиёти автомобилӣ

  1. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҷузъи таркибии барномаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва барномаҳои мақсаднок дар соҳаи рушди нақлиёти автомобилӣ маҳсуб меёбанд.
  2. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои генералии рушди шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ҳудудҳои фароғатӣ чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба инобат гирифта мешаванд.
  3. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ вобаста ба такмили воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва технологияҳо, истифодаи намудҳои нави сўзишвории муҳаррик, инчунин тағйирёбии талабот ба ҳифзи муҳити зист мунтазам аз нав баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ мансуб мебошанд:

— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— маблағгузории назорати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муқаррар намудани тартиби умумӣ ва принсипҳои маҳдудкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо мақсади таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дохил мешаванд:

— таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— ҳамоҳангсозии лоиҳаву барномаҳо, ки ба рушди таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ равона гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

— таҳияи самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— назорати амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракуниии шаҳрак ва деҳот ваколатҳои худро оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 9. Омодасозии касбии кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои нақлиётӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 

  1. Роҳбарони ташкилотҳои нақлиётӣ уҳдадоранд барои таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ шахси масъулро таъин ёвобаста намоянд.
  2. Роҳбарони чунин ташкилотҳо ва шахсони масъул уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида аз курсҳои махсуси омодагӣ оид ба масъалаҳои амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ гузаранд.
  3. Дар ҳама муассисаҳои таълимие, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилиро тайёр мекунанд, барномаҳои махсуси омўзишӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда мешаванд.

 

 

 

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА СЎЗИШВОРИИ МУҲАРРИК

 

Моддаи 10. Бамеъёрдарории таъсири воситаи нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист

Меъёрҳои экологии  партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сатҳи ҷоизи садои нақлиёт, ларзиш ва таъсироти дигари манфии физикии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин муҳлати ҷорӣ намудани ин меъёрҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

  1. Воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз давлатҳои дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз шаш моҳ ворид карда мешаванд ва барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ гардидаанд, ба дараҷаҳои экологӣ ҷудо карда мешаванд. Дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вобаста ба меъёрҳои техникии партовҳо барои намунаи (модели) мушаххаси воситаи нақлиёти автомобилӣ дар лаҳзаи истеҳсоли он муқаррар карда мешавад.
  2. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба партовҳои моддаҳои зараровар (ифлоскунанда) мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба талаботи амният, меъёрҳои санитарӣ, ҳифзи меҳнат, экология, стандартҳои байналмилалию давлатӣ ва регламентҳои техникӣ мутобиқ мебошанд, муқаррар карда мешавад.
  3. Тартиби анҷом додани таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Чораҳо оид ба коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ

Бо мақсади коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зерин андешида мешаванд:

— гузаронидани санҷиши ҳолати экологии нақлиёти автомобилӣ;

— ҷорӣ намудани шартҳои техникӣ ба сўзишвории муҳаррик;

— ташкили истеҳсол ва фурўши сўзишвории муҳаррики аз ҷиҳати экологӣ тоза;

— назорати пайдарпайи сифати сўзишвории муҳаррик;

— ҷорӣ намудани технологияи коркарди дубора ё безараргардонии аккумуляторҳо;

— амалисозии хизматрасонии техникӣ дар шафати роҳҳо.

 

Моддаи 13. Талаботи экологӣ ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

  1. Ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ дараҷаи экологии воситаи нақлиёти автомобилиро тибқи стандартҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, номгўи таҷҳизоти насбшударо, ки ғализии моддаҳои зараровари (ифлоскунандаи) ихроҷшуда ва ҳадди ҷоизи садо, ларзиш ва таъсироти манфии физикиро коҳиш медиҳад, нишон медиҳанд. Ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ уҳдадоранд ҳангоми риоя нагардидани муқаррароти мазкур ба таври ройгон камбудиҳои воситаҳои нақлиёти автомобилро бартараф намоянд.
  2. Соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми истифодаи онҳо мутобиқати ин воситаҳоро ба талаботи экологии истифодабарӣ, ки барои ҳамин дараҷаи экологии воситаи нақлиёти автомобилӣ муқарраргардидааст, таъмин менамоянд.
  3. Тағйир додани сохти воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки боиси паст шудани дараҷаи экологии он мегардад, манъ аст.

 

Моддаи 14. Таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ

Таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон ва таҷдиди онҳо, аз ҷумла ҳудудҳои аз ҷониби экологӣ осебпазир, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 15. Бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ

  1. Ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ дар сурати тағйирёбии шакли моликият, инчунин муфлисшавӣ, омилҳои экологӣ ва андозаи зарари аз ҷониби объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист расондашуда мутобиқи нарх ва усулҳои тасдиқгадидаи ҳисоб намудани андозаи зарар, дар сурати мавҷуд набудани онҳо, аз рўи хароҷоти воқеии барқароркунии ҳолати халалдоршудаи муҳити зист бо назардошти зарари расондашуда, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, ба назар гирифта мешаванд.
  2. Фаъолияти бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳоиинфрасохтори нақлиёти автомобилӣ аз рўи натиҷаҳои аудити экологӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 16. Чораҳои  зиёд  намудани  дараҷаиэкологии  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

  1. Бо мақсади афзун намудани дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷиҳозонидани онҳо бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи заҳрнокии газҳои истифодашуда, ки ба маҷмўи воситаҳои ташкилоти истеҳсолкунанда дохил намешаванд ва ба меъёрҳои техникии партовҳо таъсир мерасонанд, сурат мегирад.
  2. Ҷиҳозонидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи заҳрнокии газҳои истифодашуда ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёти авомобилӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Уҳдадориҳои шахсони ба фурўши яклухт ва чаканаи сўзишвории муҳаррик машғулбуда

Шахсоне, ки дар асоси иҷозатнома ба таҳвил, нигоҳдорӣ ва фурўши яклухт ва чаканаи сўзишвории муҳаррик машғуланд,  барои риояи  чораҳои зерин  уҳдадоранд:

— мутобиқати сифати сўзишвории муҳаррик ба талаботи стандарти давлатӣ ва (ё) шартҳои техникӣ;

— бо тартиби муқарраргардида гузаштан аз назорати сифати сўзишвории муҳаррик;

— гузаштан аз санҷиши воситаҳои техникӣ оид ба мутобиқат ба меъёрҳои техникии муқарраркардашуда ва талаботи байналмилалии амалкунанда.

Моддаи 18. Таъмини амнияти экологии нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда

  1. Усулҳои истифодашавандаи нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда пешгирӣ, коҳиш додан ва назорати маҷмўии таъсири номатлуби онро ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ пешбинӣ менамояд.
  2. Шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пас аз анҷоми мўҳлати истифодабарӣ барои нобудсозӣ ба ташкилоте, ки дар он шина ва покришкаҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қабул ва (ё) таҷзия мегарданд, супорида мешаванд.
  3. Аккумуляторҳои истифодашуда пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ барои коркард ба ташкилоте, ки ҷамъоварии марказонидашуда ва (ё) нобудсозии онҳоро анҷом медиҳад, супорида мешаванд. Ташкилоти мазкур бояд барои амалисозии чунин фаъолият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологиро дошта бошад. Аккумуляторҳои истифодашуда аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.
  4. Равғани истифодашудаи муҳаррик аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида ҷамъ оварда мешавад. Дар фазои кушод сўзондани он ё ба системаи корез ва сарчашмаҳои об партофтани равғани истифодашудаи муҳаррик манъ аст. Ҷамъоварӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиронии равғани истифодашудаи муҳаррик дар асоси иҷозатнома оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, таҳвил ва ҷойгиронии партовҳои хатарнок анҷом дода мешаванд.
  5. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои истифодашудаи муҳаррик бо назардошти технологияи муосир тибқи меъёру қоидаҳои сохтмон ва санитарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  6. Тартиби ҷамъоварӣ, таҳвил ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 4. НАЗОРАТИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

 

Моддаи 19. Назорати давлатӣ

  1. Назорати амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон анҷом дода мешавад.
  2. Тартиби ташкил ва гузаронидани назорати экологӣ, инчунин санҷишҳои интихобии мутобиқативоситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба меъёрҳои экологии партовҳо, маҳдудсозӣ ва қатъ намудани истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилии дараҷаҳои гуногуни экологиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонмуқаррар менамоянд.
  3. Назорати мутобиқати воситаҳои нақлиёти автомобилии дар истифода қарордошта ба меъёрҳои экологии партовҳо ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин муоинаи давлатии техникии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
  4. Назорати сифати сўзишвории муҳаррик дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон анҷом дода мешавад.
  5. Мақомоти дахлдори давлатӣ уҳдадоранд истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар сурати мутобиқ набудани онҳо ба меъёрҳои амалкунандаи экологии партовҳо боздоранд.
  6. Амрномаи мақомоти дахлдори давлатӣ ва талаботи шахсони мансабдори онҳо барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 20. Назорати истеҳсолӣ

  1. Назорати истеҳсолӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоту озмоишҳои лабораторӣ дар ҷараёни нигоҳдорӣ, таҳвил ва фурўши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иҷрои кору хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини амнияти экологӣ ва (ё) безарарии чунин маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ амалӣ кардамешавад.
  2. Назорати истеҳсолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои санитарӣ ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  3. Шахсоне, ки назорати истеҳсолиро амалӣ менамоянд, барои саривақтӣ, пурра ва аниқ будани он масъул мебошанд.

 

Моддаи 21. Назорати ҷамъиятӣ

Назорати ҷамъиятии таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мутобиқи принсипҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 8 августи  соли 2015,

№ 1214

ШАРИКОН: