Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»

(АМОҶТ  с.2007, №3, мод.167; с.2012, №7, м.708)      

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста  ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

 

Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883  бо    тағйиру иловаҳои минбаъда;

— таснифи байналмилалии  молҳо  ва  хизматрасониҳо (минбаъд ТБМХ) –  гурўҳбандие, ки бо Созишномаи Нитса оид ба таснифи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо ҷиҳати бақайдгирии тамғаҳо (аз 15 июни соли 1957 бо тағйиру иловаҳои минбаъда) қабул шудааст;

— дархост дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ – маҷмўи ҳуҷҷатҳое, ки онро  аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори ў пешниҳод  менамоянд ва  хоҳишро дар бораи додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ дар бар мегирад;

— аввалияти тамғаи молӣ – аввалият дар мўҳлатҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ба тамғаи молӣ;

— намояндаи патентӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дар назди мақомоти салоҳиятдор намояндагӣ намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дорад;

-тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (минбаъд – тамғаи молӣ) – нишонаҳое, ки барои фардикунонии молҳо, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасониҳои (минбаъд – молҳо) шахсони воқеӣ ё шахси  ҳуқуқӣ  истифода бурда мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №858)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон   эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақомоти ваколатдори  давлатӣ

Амалисозии сиёсати давлатӣ ва вазифаҳои бо Қонуни мазкур  пешбинишуда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ба ўҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (минбаъд Идораи патентӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст,   гузошта мешавад.

Идораи патентӣ дар ҳолатҳое, ки  Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мутобиқи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  оид ба татбиқи Қонуни мазкур мебарорад.

Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он масъалаҳои бо  Қонуни мазкур  ба салоҳияташ вогузоршударо баррасӣ менамояд. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории ҷорӣ ва Низомномаи Шўрои шикоятӣ, ки онро мақомоти  Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, ба амал мебарорад.

 

Боби 2. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 4. Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ

Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии давлатии он (минбаъд – бақайдгирӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, дода мешавад.

Ҳуқуқ ба тамғаи молӣ бо қонун ҳифз карда мешавад.

(қҷт. 03.07.2012, №858)

 

Моддаи 5. Шаҳодатномаи тамғаи молӣ

Барои тамғаи молии бақайдгирифташуда шаҳодатномаи тамғаи молӣ дода мешавад.

Шаҳодатнома аввалияти тамғаи молӣ ва ҳуқуқи истисноиро ба тамғаи молӣ нисбат ба молҳои дар шаҳодатнома зикргардида тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ

Соҳибҳуқуқ ҳуқуқ дорад тамғаи молиро истифода барад ва истифодабарии онро аз ҷониби шахсони дигар манъ намояд.

Ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҳуқуқ надорад, ки тамғаи молии дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳифзшавандаро бе иҷозати соҳибҳуқуқ истифода барад.

Бе иҷозати   соҳибҳуқуқ дар муомилоти  гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифода бурдани  тамғаи  молӣ (ё нишонае, ки  он то дараҷаи  иштибоҳангез монанд аст) нисбат ба молҳое, ки  барои  фардикунонии  онҳо тамғаи  молӣ ба қайд гирифта  шудааст (ё нисбат ба  молҳои  бо ин молҳо якхела), ҳамчун  вайронкунии  ҳуқуқи  истисноии  соҳибҳуқуқ (истифодаи  ғайриқонунии  тамғаи  молӣ) эътироф  карда мешавад. Тамғаи  молӣ ё нишонае, ки  ба он то  дараҷаи  иштибоҳангез   монанд аст,  истифодашуда маҳсуб  меёбад,  аз  ҷумла:

— дар молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, барои фурўш пешниҳод мешаванд, фурўхта мешаванд, дар намоишгоҳу ярмаркаҳо намоиш дода  мешаванд ё ба тарзи дигар ба муомилоти гражданӣ ворид мегарданд ё бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ дошта ё интиқол дода шуда ва ё ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд,

— ҳангоми  иҷрои корҳо, расонидани хизматҳо;

— дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баровардани молҳо ба муомилоти гражданӣ;

— ҳангоми пешниҳоди молҳо ба фурўш;

— дар шабакаи Интернет, хусусан дар номи доменҳо ё шаклҳои дигари нишонӣ додан истифода бурда шавад.

Молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки дар онҳо тамғаи молӣ ё нишонае, ки ба он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст, ғайриқонунӣ истифода бурда мешаванд,  молҳои  қалбакӣ ҳисоб меёбанд.

 

Боби 3. ҚОБИЛИЯТИ ҲифзПАЗИРИи Тамғаи молӣ

 

Моддаи 7. Намудҳои тамғаҳои молӣ

Ба сифати тамғаҳои молӣ нишонаҳои вожавӣ, тасвирӣ, ҳаҷмдор ва дигар нишонаҳо ё  омехтаи (комбинатсияи) ин намуди нишонаҳо  метавонанд ба қайд гирифта шаванд.

Тамғаи молиро дар ҳар гуна ранг ё омезиши рангҳо ба қайд гирифтан мумкин аст.

 

Моддаи 8. Асосҳои мутлақ барои рад кардани бақайдгирӣ

Ба сифати тамғаи молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки қобилияти  фарқкунонӣ  надоранд ва ё танҳо аз унсурҳое иборатанд, ки онҳо:

— барои  ишораи молҳои намуди муайян мавриди истифодаи оммавӣ қарор доранд;

— рамзҳо ё истилоҳоти маъмул мебошанд;

— молҳоро тавсиф медиҳанд, аз ҷумла, ба намуд, сифат, миқдор, хосият, таъинот, арзишнокӣ ва инчунин вақт, ҷой, тарзи истеҳсол ё фурўши онҳо ишора мекунанд;

— ҳамон шакли молро доранд, ки танҳо ё асосан бо хусусият ё таъиноти мол муайян карда мешаванд.

Унсурҳое, ки  дар сархатҳои якум-чоруми қисми якуми ҳамин модда  зикр ёфтаанд, метавонанд чун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ворид карда шаванд, ба шарте, ки дар он мавқеи назаррасро ишғол накунанд.

Муқаррароти бо қисмҳои якум ва дуюми  моддаи  мазкур пешбинишуда нисбат ба нишонаҳое, ки дар натиҷаи истифодабариашон қобилияти  фарқкунониро  соҳиб гардидаанд,  татбиқ карда намешаванд.

Мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани нишонаҳое, ки танҳо аз унсурҳои зерин иборатанд ё ба онҳо то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, манъ карда шудааст: номҳои расмии давлатҳо, рамзҳои давлатӣ, парчамҳо ва аломатҳои дигари давлатӣ, номҳои ихтисоршуда ё пурраи созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ, нишонҳо, парчамҳо ва аломатҳои дигари онҳо, тамғаҳои расмии назоратӣ, замонатӣ ва тамғаҳои маҳак, мўҳрҳо, нишонҳо ва аломатҳои дигари фарқкунанда ё аломатҳое,ки  то дараҷаи омехташавӣ ба онҳо монанд мебошанд. Унсурҳои номбаршуда метавонанд ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ворид карда шаванд, агар ба ин иҷозати мақоми салоҳиятдор мавҷуд бошад.

Ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани аломатҳое манъ карда мешавад, ки онҳо ё унсурҳои онҳо:

— бардурўғ мебошанд ё метавонанд истеъмолкунандаро оид ба мол ё истеҳсолкунандаи он ба иштибоҳ андозанд;

— хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ ё принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.

Мувофиқи санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани нишонаҳое манъ карда мешавад, ки онҳо ё унсурҳои онҳо дар яке аз давлатҳои аъзои санади зикргардидаи байналмилалӣ ба сифати нишонае ҳифз карда мешаванд, ки  май ё нўшокиҳои спиртдорро чун моли дар қаламрави ҳамон давлат (дар ҳудудҳои объекти ҷуғрофии ҳамон давлат) истеҳсолшаванда мушаххас мегардонад ва сифати махсус, обрў ва хусусиятҳои дигари  ин молҳо ғолибан  бо маҳали  баромади онҳо  муайян карда мешавад, агар тамғаи молӣ барои ишора намудани  май ва нўшокиҳои  спиртдоре пешбинӣ шуда бошад, ки дар қаламрави ҳамон объекти ҷуғрофӣ бароварда намешаванд.

 

Моддаи 9. Асосҳои дигар барои рад кардани бақайдгирӣ

Ба сифати тамғаи молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки ба нишонаҳои зерин айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд:

— тамғаҳои молии шахсони дигар, ки барои бақайдгирӣ нисбат ба молҳои якхела арз шудаанд (агар дархостҳои дахлдор бозхонд нашуда бошанд) ё дар Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд ва аввалияти пештар доранд (аз ҷумла мутобиқи санади байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

— тамғаҳои молии шахсони дигар, ки тибқи тартиби бо  Қонуни мазкур муқарраршуда нисбат ба молҳои якхела ҳамчун тамғаҳои молии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.

Ба сифати тамғаи молӣ нисбат ба молҳои якхела ба қайд гирифтани нишонаҳое, ки ба тамғаи молии дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми  моддаи мазкур ишорашуда то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, танҳо бо ризоияти соҳибҳуқуқ сурат гирифта метавонад.

Ба сифати тамғаи молӣ нисбат ба ҳама гуна молҳо ба қайд гирифтани нишонае, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез ба номи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаи маҳали баромади мол монанд мебошад, номумкин аст, ба истиснои ҳолате, ки чунин нишона ҳамчун унсури ҳифзнашаванда ба тамғаи молие ворид гардида бошад, ки он ба номи шахси дорои ҳуқуқи истифодаи номи маҳали баромади мол ба қайд гирифта мешавад.

Ба сифати тамғаҳои молӣ аломатҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки айнан объектҳои зерин мебошанд:

— номи фирмавии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми номи фирмавӣ) ва намунаи саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст;

— номи асари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруфи илмӣ, адабӣ ё санъат, персонаж ё иқтибос аз чунин асар ва ё қисмате аз чунин асар бе иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллиф ё вориси ў, агар ҳуқуқ ба чунин асар то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омада бошад ва он то санаи пешниҳоди ариза маъруф гашта бошад;

— ном, номи падар, тахаллус ё нишонаи аз онҳо ҳосилшуда, портрет ё факсимилеи шахси маъруф, ки  то санаи пешниҳоди дархост маъруф гаштааст, бе иҷозати ин шахс ё вориси ў.

Боби 4. АВВАЛИЯТИ ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 10. Аввалияти тамғаи молӣ

Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи санаи пешниҳоди дархост ба Идораи патентӣ муқаррар карда мешавад.

Аввалияти тамғаи молиро аз рўи санаи пешниҳод шудани дархост якум дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж муқаррар кардан мумкин аст (аввалияти конвенсионӣ), агар дархост ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи баъд аз санаи зикргардида ворид шуда бошад.

Аввалияти тамғаи молиеро, ки дар нигораҳои (экспонатҳои) ба маърази намоиш гузошташудаи намоишгоҳҳои расмӣ ё расман эътирофгардидаи байналмилалӣ, ки дар қаламрави яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж ташкил гардидаанд, истифода шудааст, аз рўи санаи оғози намоиши кушоди ин экспонат дар намоишгоҳ муқаррар кардан мумкин аст (аввалияти намоишгоҳӣ), агар пешниҳоди дархост дар давоми шаш моҳи пас аз санаи зикргардида сурат гирифта бошад.

Аризадиҳандае, ки хоҳиши истифода намудани ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ ё аввалияти намоишгоҳиро дорад, бояд тавассути пешниҳоди дархост ва ё дар давоми ду моҳи баъд аз санаи пешниҳоди дархост  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин ҳуқуқро ба дархост замима намояд ва ё ин ҳуҷҷатҳоро на дертар аз се моҳи баъд аз санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани дархост пешниҳод кунад.

Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи дархосте, ки аризадиҳанда тибқи қисми нўҳуми моддаи 12  Қонуни мазкур дар асоси дархости дигари аризадиҳанда ба худи ҳамон нишона (минбаъд — дархости ибтидоӣ) пешниҳод намудааст (минбаъд — дархости ҷудокардашуда), аз рўи санаи пешниҳоди дархости ибтидоӣ ба Идораи патентӣ ва дар сурати аз рўи дархости  ибтидоӣ мавҷуд будани ҳуқуқи муқаррар намудани аввалияти пештар – аз рўи санаи ҳамин аввалият муқаррар карда мешавад, ба шарте, ки то санаи пешниҳоди дархости ҷудокардашуда дархости ибтидоӣ бозхонд нашуда бошад ё бозхондашуда маҳсуб нагардад ва пешниҳоди дархости ҷудокардашуда то қабули қарор оид ба дархости ибтидоӣ сурат гирифта бошад.

Агар ба тамғаҳои молии айнан монанд аз ҷониби аризадиҳандагони гуногун дархостҳое пешниҳод шуда бошанд, ки ҳамон як санаи аввалиятро доранд ва бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба номгўи пурра ё қисман якхелаи молҳо дархост намоянд, он гоҳ дар асоси созишномаи байни аризадиҳандагон бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба молҳои якхелаи ҳар номгўй ба унвони яке аз аризадиҳандагон анҷом додан мумкин аст.

Агар ба тамғаҳои молии айнан монанд, ки ҳамон як санаи аввалиятро доранд, нисбат ба номгўи пурра ё қисман якхелаи молҳо аз ҷониби ҳамон як аризадиҳанда дархостҳо пешниҳод шуда бошанд, бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба ин гуна молҳо аз рўи яке аз дархостҳои интихобнамудаи аризадиҳанда анҷом додан мумкин аст.

Дар давоми шаш моҳи пас аз санаи гирифтани огоҳинома аризадиҳандагон (аризадиҳанда) бояд оид ба созиши дар байни онҳо бадастомада (интихоби худ) дар мавриди он, ки бақайдгирии тамғаи молӣ аз рўи кадом ариза дархост мешавад, хабар диҳанд.

Агар дар мўҳлати муқарраршуда ба Идораи патентӣ хабари зикргардида ё дархост оид ба дароз кардани мўҳлати муқарраршуда ворид нагардад, дархостҳо бозхондашуда маҳсуб меёбанд.

Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи санаи бақайдгирии байналмилалии тамғаи молӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.

 

Боби 5. БАҚАЙДГИРИИ ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 11. Дархост дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ

Дархост дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ (минбаъд – дархост) ба Идораи патентӣ аз ҷониби шахси   ҳуқуқӣ ё  шахси воқеӣ (минбаъд-аризадиҳанда), пешниҳод карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Бурдани кор бо Идораи патентӣ метавонад аз ҷониби худи аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ, шахси дигари манфиатдор мустақилона  ё ба воситаи намояндаи патентии аз тарафи Идораи патентӣ  ба қайд гирифташуда амалӣ гардад .

Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо фаъолияташонро бо Идораи патентӣ ба воситаи намояндагони бо боваринома  ваколатдоршудаи патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудаанд, пеш мебаранд.

Дархост барои як тамғаи молӣ пешниҳод карда мешавад.

Дархост бояд инҳоро дар бар гирад:

— арзнома дар бораи бақайдгирии нишона ба сифати тамғаи молӣ бо нишон додани номи аризадиҳанда ва инчунин нишонии макони ҷойгиршавӣ ё   зисти ў;

— нишонаи арзшаванда;

— номгўи молҳое, ки тибқи ТБМХ гурўҳбандӣ шудаанд ва бақайдгирии тамғаи молӣ нисбат ба онҳо дархост мешавад;

— шарҳу тавсифи нишонаи арзшаванда.

Дархост ба забони давлатӣ ё забони русӣ пешниҳод карда мешавад.

Дархостро аризадиҳанда имзо мекунад ва дар сурати ба воситаи намояндаи патентӣ пешниҳод шудани он – аризадиҳанда ё намояндаи патентӣ имзо менамоянд.

Ба дархост бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд:

— ҳуҷҷате, ки бо андозаи муқарраргардида ворид  шудани пардохти ҳатмиро  барои пешниҳоди дархост тасдиқ мекунад;

— оинномаи тамғаи коллективӣ, агар дархост барои бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ пешниҳод шавад;

— ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентиро тасдиқ мекунад, агар дархост ба воситаи  намояндаи патентӣ дода шавад.

Ҳуҷҷатҳои ба дархост замимашаванда бо забони давлатӣ ё забони дигар пешниҳод мегарданд. Агар ин ҳуҷҷатҳо бо забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба дархост тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳиномаи Идораи патентӣ оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст.

Ба сифати санаи пешниҳоди дархост санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои  якум–сеюми қисми панҷуми  моддаи мазкур пешбинишуда ва агар ин ҳуҷҷатҳо дар як рўз ворид нагардида бошанд, санаи ворид шудани ҳуҷҷати охирин  қабул карда мешавад.

Баъди  ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани дархост ҳар шахс ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои дархост, ки ба таркиби дархост то санаи пешниҳоди он дохил гардидаанд, шинос шавад. Тартиби шиносшавиро бо ҳуҷҷатҳои дархост Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

Талабот ба ҳуҷҷатҳои дархост аз ҷониби Идораи патентӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Экспертизаи  дархост ба тамғаи молӣ.

Экспертизаи дархост аз ҷониби Идораи патентӣ гузаронида шуда, экспертизаи расмӣ ва экспертизаи  нишонаи арзшударо дар бар мегирад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи дархост то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба ҳуҷҷатҳои дархост иловаҳо, тасҳеҳот ва ислоҳот ворид намояд.

Агар маводи иловашаванда номгўи молҳоеро дар бар гирад, ки дар дархост то санаи пешниҳоди он зикр нашуда буданд ё агар нишонаи арзшуда моҳиятан тағйир дода шавад, ин гуна маводи иловагӣ баррасӣ карда намешавад ва бояд ба сифати дархости мустақил ба расмият дароварда шавад.

Тағйир ёфтани аризадиҳанда дар сурати гузашт намудани ҳуқуқ ба дархост ё дар натиҷаи тағйир додани номи аризадиҳанда, инчунин ислоҳ намудани хатоҳои намоёну техникиро дар ҳуҷҷатҳои дархост то санаи бақайдгирии тамғаи молӣ анҷом додан мумкин аст.

Дар рафти гузаронидани экспертиза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагиеро, ки бе онҳо гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, дархост намояд.

Нисбат ба ҳуҷҷатҳои иловагӣ, агар онҳо номгўи молҳоеро дар бар гиранд, ки дар дархост то санаи пешниҳоди он зикр нагардидаанд ё нишонаи арзшударо моҳиятан тағйир диҳанд, тартиби бо қисми сеюми ҳамин модда муқарраргардида татбиқ карда мешавад.

Маводи иловагии марбут ба талаботи экспертиза  бояд дар давоми ду моҳи пас аз санаи гирифтани ин дархост ё гирифтани нусхаҳои маводи дар талаботи экспертиза зикргардида пешниҳод шавад, агар ин нусхаҳоро аризадиҳанда дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани талаботи экспертиза талаб карда бошад. Агар аризадиҳанда маводи иловагии дархостшударо дар мўҳлати зикргардида пешниҳод накунад ё оид ба дароз кардани мўҳлати муқарраргардида дархост надиҳад, дархост бозхондашуда дониста мешавад. Бо дархости аризадиҳанда Идораи патентӣ метавонад мўҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҷавобро ба талаботи экспертиза  ба муддати на зиёдтар аз шаш моҳ дароз кунад. Дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрноки риоя нагардидани мўҳлати муқарраршуда Идораи патентӣ метавонад онро ба муддати бештар аз шаш моҳ дароз кунад.

Бо хоҳиши аризадиҳанда дархостро дар марҳилаи дилхоҳи баррасии он, вале на дертар аз санаи бақайдгирии тамғаи молӣ бозхонд намудан мумкин аст.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи  дархост то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад барои бақайдгирии худи ҳамон нишона дархости ҷудокардашудаеро пешниҳод намояд, ки он молҳои ба рўйхати  дархости ибтидоии дар санаи пешниҳоди он ба Идораи патентӣ воридшуда, вале бо онҳо якхела набударо дар бар мегирад.

 

Моддаи 13. Экспертизаи  расмӣ

Экспертизаи расмии дархост дар муддати як моҳи пас аз санаи пешниҳоди он ба Идораи патентӣ гузаронида мешавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи  расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии дархост ва мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида санҷида  мешавад. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи расмии дархост қарор дар бораи баррасӣ шудан ё нашудани он бароварда мешавад ва аризадиҳанда оид ба қарори қабулгардида хабардор карда мешавад.

Ҳамзамон бо хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи  расмӣ, инчунин дар бораи санаи пешниҳоди дархост, ки тибқи қисми даҳуми моддаи 11  Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, ба аризадиҳанда маълумот дода мешавад.

 

Моддаи 14. Экспертизаи нишонаи арзшуда

Экспертизаи нишонаи арзшуда пас аз анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ гузаронида мешавад.

Дар рафти экспертиза  мувофиқати нишонаи арзшуда ба талаботе, ки дар моддаи 8, қисмҳои  якум  ва сеюми моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, экспертиза шуда, аввалияти тамғаи молӣ муқаррар карда мешавад.

Аз рўи натиҷаҳои экспертиза қарор дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ё рад гардидани бақайдгирии он қабул карда мешавад.

Нусхаҳои маводеро, ки ба нишонаи арзшуда муқобил гузошта шудаанд, аризадиҳанда метавонад дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани қарор оид ба ариза талаб кунад.

Қарори экспертиза  дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ бо сабаби ворид гардидани дархосте, ки тибқи моддаи 10 Қонуни мазкур, аввалияти пештарро дорад, ё бинобар ба қайд гирифта шудани номи маҳали баромади мол метавонад аз нав баррасӣ карда шавад.

Дар сурати бо қарори  экспертиза розӣ набудани аризадиҳанда ў ҳуқуқ дорад дар давоми ду моҳи пас аз санаи гирифтани қарор ба Идораи патентӣ оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ дархости асоснок пешниҳод намояд.

Экспертизаи  такрорӣ дар муддати ду моҳи пас аз санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани дархостномаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.

Моддаи 15. Шикоят нисбати қарор оид ба ариза ва барқароркунии мўҳлатҳои гузаронидашуда

Аризадиҳанда дар давоми се моҳи пас аз санаи гирифтани қарори дахлдор ё нусхаҳои маводи ба дархост муқобил гузошташуда, агар аризадиҳанда фиристодани ин маводро дар давоми як моҳи пас аз гирифтани қарори дахлдор дархост карда бошад, метавонад ба Шўрои шикоятӣ эътирознома пешниҳод намояд. Аз ҷумла, дар сурати розӣ набудан бо:

— қарори экспертизаи  расмӣ оид ба рад гардидани қабули дархост барои баррасӣ;

— қарори аз рўи натиҷаи экспертизаи  нишона қабулгардида;

— қарор оид ба бозхондашуда эътироф гардидани дархост.

Мўҳлатҳои бо қисми  ҳафтуми  моддаи 12  Қонуни мазкур ва қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, метавонанд аз ҷониби Идораи патентӣ тибқи дархостномаи аризадиҳанда, ки на дертар аз ду моҳи пас аз анҷоми ин мўҳлат пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрнок ва супурдани пардохти ҳатмии дахлдор барқарор карда шаванд.

Чунин дархост ба Идораи патентӣ ҳамзамон бо маводи иловагии аз ҷониби экспертиза  талабшуда ё бо дархостнома оид ба дароз кардани мўҳлати пешниҳоди ин мавод ва ё ҳамзамон бо пешниҳоди эътирознома ба Шўрои шикоятӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 16. Бақайдгирии тамғаи молӣ

Дар асоси қарор оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ Идораи патентӣ дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гардидани пардохти ҳатмии  муқарраршуда бақайдгирии тамғаи молиро дар Феҳристи давлатии  тамғаҳои  молии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Феҳрист)  анҷом медиҳад. Ба Феҳрист тамғаи молӣ, маълумот оид ба соҳибҳуқуқи он, санаи аввалияти тамғаи молӣ, санаи бақайдгирии он, номгўи молҳо ва хизматрасониҳое, ки нисбат  ба онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ ва инчунин тағйироти минбаъдаи ин маълумот дохил карда мешавад.

Дар сурати бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷате, ки ворид шудани пардохти ҳатмиро  барои бақайдгирии тамғаи молӣ ва додани шаҳодатнома тасдиқ менамояд, бақайдгирии тамғаи молӣ ба амал бароварда намешавад ва дархости дахлдор бозхондашуда дониста мешавад.

 

Моддаи 17. Додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ

Додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ аз ҷониби Идораи патентӣ дар давоми як моҳи пас аз санаи бақайдгирии тамғаи молӣ  дар Феҳрист сурат мегирад.

Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 18. Мўҳлати эътибори бақайдгирӣ

Бақайдгирии тамғаи молӣ дар давоми даҳ соли пас аз санаи пешниҳоди дархост ба Идораи патентӣ эътибор дорад.

Мўҳлати эътибори бақайдгириро тибқи аризаи соҳибҳуқуқ, ки дар давоми соли охирини эътибори бақайдгирӣ пешниҳод гардидааст, ҳар дафъа ба муддати даҳ сол дароз кардан мумкин аст.

Агар пардохти иловагии ҳатмӣ супурда шавад, аз рўи дархости соҳибҳуқуқ ба ў барои дароз кардани мўҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ мўҳлати шашмоҳаи пас аз анҷоми мўҳлати амали бақайдгириро додан мумкин аст.

Маълумот дар бораи дароз шудани мўҳлати амали бақайдгирии тамғаи молиро Идораи патентӣ ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ ворид менамояд.

 

Моддаи 19. Ворид намудани тағйирот ба бақайдгирӣ

Соҳибҳуқуқ Идораи патентиро дар бораи тағйир ёфтани ном, номи падар ва фамилия дар бораи ихтисор кардани номгўи молҳое, ки тамғаи молӣ нисбат ба онҳо ба қайд гирифта шудааст, оид ба тағйир ёфтани унсурҳои алоҳидаи тамғаи молӣ, ки моҳияти онро тағйир намедиҳанд ва инчунин оид ба тағйироти дигари марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ огоҳ менамояд.

Агар масъалаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ тибқи асосҳо ва тартиби бо моддаи 33  Қонуни мазкур муқарраргардида мавриди баҳс қарор гирифта бошад, бо аризаи соҳибҳуқуқ аз бақайдгирии тамғаи молӣ, ки нисбат ба якчанд мол эътибор дорад, бақайдгирии алоҳидаи ин тамғаи молиро барои як намуди мол ё қисми молҳое, ки бо молҳои дар бақайдгирии ибтидоӣ боқимонда якхела нестанд, ҷудо кардан мумкин аст. Аризаи зикргардида бояд аз ҷониби соҳибҳуқуқ то қабули қарор аз рўи натиҷаҳои баҳс оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ пешниҳод карда шавад.

Тағйироти марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ дар сурати ворид гардидани  пардохти ҳатмии  дахлдор дохил карда мешавад.

Идораи патентӣ бо мақсади ислоҳ намудани хатоҳои бебаҳсу техникӣ метавонад ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ тасҳеҳоти дахлдорро ворид намояд.

 

Моддаи 20 . Интишори маълумот дар бораи бақайдгирӣ

Маълумот дар бораи бақайдгирии тамғаи молие, ки ба Феҳрист мувофиқи моддаи 16  Қонуни мазкур ворид карда шудааст, аз ҷониби Идораи патентӣ бе таъхир пас аз дар Феҳрист қайд гардидани тамғаи молӣ ё баъди  ба Феҳрист ворид гардидани тағйироти марбути бақайдгирӣ дар хабарномаи расмӣ интишор карда мешавад.

 

Моддаи 21. Бақайдгирии тамғаи молӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд тамғаи молиро дар мамлакатҳои хориҷӣ ба қайд гиранд ё бақайдгирии байналмилалии онро анҷом диҳанд.

Дархост барои бақайдгирии байналмилалии тамғаи молӣ тавассути Идораи патентӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи  22. Шартҳои бақайдгирии такрорӣ

Тамғаи молӣ, тамғаи ба он айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез  монандро, ки мўҳлати эътиборашон гузаштааст  ва оид ба дароз кардани мўҳлаташон тибқи қисми  дуюми моддаи 18  Қонуни мазкур дархостнома пешниҳод нашудааст, дар давоми се соли пас аз қатъ гардидани эътибори бақайдгирӣ ба номи шахси дигар, ғайр аз соҳибҳуқуқи қаблӣ ё вориси ҳуқуқии ў, дубора ба қайд гирифтан номумкин аст.

Ин қоида дар мавриде низ татбиқ мегардад, ки соҳибҳуқуқ қабл аз  гузаштани мўҳлати эътибори бақайдгирӣ аз тамғаи молӣ даст кашида бошад.

 

Боби 6. ТАМҒАИ МОЛИИ МАЪРУФ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОН

 

Моддаи 23. Тамғаи молии маъруф

Аз рўи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба сифати тамғаи молии маъруф тамғаи молие, ки дар асоси бақайдгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, тамғаи молие, ки бе бақайдгирӣ, тибқи санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин нишонае, ки ҳамчун тамғаи молӣ истифода мешавад, вале ҳифзи ҳуқуқӣ надорад, эътироф шуда метавонад, агар ин гуна тамғаҳои молӣ ё нишона дар натиҷаи истифодабарии муттасил то санаи дар ариза зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни истеъмолкунандагони муайян нисбат ба молҳои аризадиҳанда маъруф шуда бошанд.

Тамғаи молӣ ё нишона ҳамчун тамғаи молии маъруф эътироф шуда наметавонанд, агар онҳо пас аз санаи аввалияти тамғаи молии шахси дигар, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез ба онҳо монанд аст ва барои истифодабарӣ барои молҳои якхела пешбинӣ шудааст, маъруф гардида бошанд.

Ба тамғаи молии маъруф ҳифзи ҳуқуқие дода мешавад, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст.

Дар сурати тамғаи молии маъруф эътироф гардидани тамғаи молии қаблан бақайдгирифташуда ҳифзи ҳуқуқии чунин тамғаи молии маъруф, инчунин ба молҳои тавофутдошта бо молҳое, ки нисбат ба онҳо тамғаи молӣ чун тамғаи маъруф эътироф гардидааст, паҳн мешавад, агар истифода шудани ин тамғаи молӣ аз ҷониби шахси дигар нисбат ба молҳои зикргардида дар шуури истеъмолкунандагон тасаввуроти алоқамандиро бо соҳибҳуқуқ ба вуҷуд оварад ва манфиатҳои қонунии соҳибҳуқуқро халалдор карда тавонад.

 

Моддаи 24. Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии маъруф

Ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии маъруф дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ, ки аз рўи аризаи тибқи қисми якуми моддаи 23  Қонуни мазкур пешниҳодшуда қабул гардидааст, дода мешавад.

Тамғаи молие, ки тамғаи маъруф эътироф гардидааст, аз ҷониби Идораи патентӣ ба Номгўи тамғаҳои молии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Номгўй) дар муддати як моҳи пас аз санаи гирифтани ҳуҷҷате, ки ворид шудани  пардохти ҳатмии муқарраршуда ва пардохти коргузориро тасдиқ менамояд, дохил карда мешавад.

Додани шаҳодатномаи тамғаи молии маъруф аз ҷониби Идораи патентӣ дар муддати як моҳи пас аз санаи ворид гардидани тамғаи молӣ ба Номгўй ба амал бароварда мешавад. Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумоти дар он дарҷшавандаро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

Маълумоти марбут ба тамғаи молии маъруфро Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ пас аз ба Номгўй ворид гардидани он бе таъхир нашр мекунад.

Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии маъруф бемўҳлат эътибор дорад.

Боби 7.  ТАМҒАИ МОЛИИ  КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 25. Ҳуқуқ ба тамғаи молии коллективӣ

Мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи шахсон, ки таъсис ва фаъолияти он бо қонунунгузории давлате, ки дар он ҷо ин иттиҳодия таъсис дода шудааст, ихтилоф надорад, ҳуқуқ дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи молии коллективиро ба қайд гирад. Тамғаи  молии коллективӣ тамғаи молиест, ки аз ҷониби шахсони ба иттиҳодия дохилшаванда барои ишора намудани молҳои истеҳсолнамуда ё ба фурўш баровардаашон, ки дорои сифати ягона ё дигар хусусиятҳои умумӣ мебошанд, истифода бурда мешавад

Тамғаи молии  коллективӣ ва ҳуқуқи  истифодаи онро ба шахсони дигар додан мумкин нест.

 

Моддаи 26. Бақайдгирии тамғаи молии  коллективӣ

Ба дархост дар бораи бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ оинномаи тамғаи  молии коллективӣ замима карда мешавад, ки он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: номи иттиҳодияе, ки ваколати ба номи худ ба қайд гирифтани тамғаи  молии коллективиро дорад, номгўи шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи ин тамғаро доранд, мақсади бақайдгирии тамғаи молии  коллективӣ, номгўи молҳо ва нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумии молҳое, ки бо тамғаи молии коллективӣ ишора карда мешаванд, шартҳои истифодаи тамға ва тартиби назорат намудани истифодаи он, масъулият барои вайрон намудани оинномаи тамғаи  молии коллективӣ.

Ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молии коллективӣ, илова ба маълумоти бо моддаи 16  Қонуни мазкур пешбинишуда, маълумот дар бораи шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи  молии коллективиро доранд, ворид карда мешавад. Ин маълумот ва инчунин иқтибос аз оинномаи тамғаи молии коллективӣ оид ба нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумии молҳое, ки бо тамғаи молии коллективӣ ишора карда мешаванд, аз ҷониби Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ интишор мешаванд.

Дар сурати истифода бурдани тамғаи  молии коллективӣ дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумиро надоранд, ҳифзи ҳуқуқии тамғаи  молии коллективӣ метавонад дар асоси ҳалномаи  суд, ки аз рўи аризаи ҳар як шахси манфиатдор қабул шудааст, пурра ё қисман қатъ карда шавад.

Тамғаи  молии коллективӣ ё дархост оид ба бақайдгирии он метавонанд мувофиқан ба тамғаи молии колективӣ ё дархост барои бақайдгирии он табдил дода шаванд, ҳамчунин табдили баръакс низ мумкин аст. Тартиби ин гуна табдилдиҳиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

 

Боби 8. ИСТИФОДАБАРИИ ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 27. Истифодабарии тамғаи молӣ ва оқибатҳои истифода набурдани он

Ба кор бурдани тамғаи молӣ аз ҷониби соҳибҳуқуқ ва ё шахсе, ки чунин ҳуқуқро дар асоси шартнома тибқи моддаи 31  Қонуни мазкур дорад, дар молҳо ва ё борпечҳои молҳое, ки нисбат ба онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, истифодабарии тамғаи молӣ ҳисобида мешавад.

Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани тамғаи молӣ дар молҳо ва ё борпечҳои онҳо ба кор бурдани тамғаи молӣ дар реклама, нашрияҳои чопӣ, бланкҳои расмӣ, дар лавҳаҳо, ҳангоми намоиши экспонатҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашаванда ҳамчун истифодаи тамғаи молӣ эътироф шуда метавонад.

Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти миёнаравӣ мебаранд, дар асоси шартнома метавонанд якҷоя бо тамғаи молии истеҳсолкунандаи мол ё бар ивази он тамғаи молии худро истифода баранд.

Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳо бо далели он, ки тамғаи молӣ дар давоми се соли дилхоҳи муттасили пас аз бақайдгирӣ истифода нагардидааст, метавонад пеш аз мўҳлат қатъ карда шавад. Ариза дар бораи пеш аз мўҳлат, бинобар истифода нашудани тамғаи молӣ қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ метавонад аз ҷониби ҳар як шахс ба Шўрои шикоятӣ  пас аз гузаштани се соли зикргардида пешниҳод карда шавад, ба шарте ки ин тамғаи молӣ то пешниҳоди чунин ариза истифода нашуда бошад.

Далелҳо барои исботи истифода шудани тамғаи молӣ аз тарафи соҳибҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд.

Истифодабарии тамғаи молӣ бо тағйироти ҷузъие, ки тамғаи молиро моҳиятан тағйир намедиҳанд, низ истифодабарии тамғаи молӣ эътироф карда мешавад.

Ҳангоми ҳалли масъалаи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ бинобар истифода набурдани он далелҳои соҳибҳуқуқ барои исботи он, ки тамғаи молӣ бо сабабҳои новобаста ба ў истифода нашудааст, метавонанд ба инобат гирифта шаванд.

 

Моддаи 28. Ба охир расидани ҳуқуқҳое, ки дар бақайдгирии тамғаи молӣ асос ёфтаанд

Бақайдгирии тамғаи молӣ ҳуқуқ намедиҳад, ки соҳибҳуқуқ истифодаи ин тамғаи молиро аз ҷониби шахсони дигар нисбат ба молҳое, ки ба муомилоти гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби худи соҳибҳуқуқ ё бо розигии ў ворид гардидаанд, манъ намояд.

 

Моддаи 29. Аломати огоҳкунанда

Соҳибҳуқуқ аз паҳлўи тамғаи молӣ аломати огоҳкунандаро дар шакли ҳарфи лотинии «R» ё R дар дохили давра (®) ва ё ифодаи вожавиеро, ки ба тамғаи молӣ будани нишонаи истифодашаванда ва ба қайд гирифта шудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора мекунад, истифода бурда метавонад.

 

Боби 9. ИХТИЁРДОРӢ КАРДАНИ

ҲУҚУҚИ ИСТИСНОӢ БА ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 30. Вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (гузашт кардани тамғаи молӣ)

Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки тамғаи молӣ барои онҳо ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ ба  дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ тибқи шартнома оид ба вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ) вогузор карда шавад. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Гузашт кардани тамғаи молӣ, агар он сабаби ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунанда нисбат ба мол ё истеҳсолкунандаи он шуда тавонад, номумкин аст.

 

Моддаи 31. Додани ҳуқуқ барои истифодабарии тамғаи молӣ

Ҳуқуқ ба истифодаи тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки барои онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ (иҷозатномадиҳанда) дар асоси шартнома ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ (иҷозатномагиранда) пешниҳод карда шавад. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Шартномаи зикргардида бояд талаботро дар бораи он, ки сифати молҳои иҷозатномагиранда аз сифати молҳои иҷозатномадиҳанда пасттар намешавад ва иҷозатномадиҳанда иҷрои ин талаботро назорат мекунад, дар бар гирад.

 

Моддаи 32. Бақайдгирии шартномаҳо

Шартнома дар бораи вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ) ва шартнома дар бораи додани ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта мешаванд. Бе чунин бақайдгирӣ шартномаҳои зикргардида беэътибор дониста мешаванд.

Тартиби бақайдгирии шартномаҳои зикргардидаро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

 

Боби 10. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТАМҒАИ МОЛӢ

Моддаи 33. Мавриди баҳс қарор додан ва беэътибор донистани   ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ

Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар ҳолатҳо ва мўҳлатҳои зерин метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад:

— пурра ё қисман, агар он бо вайронкунии талаботи моддаи 8 ва қисми чоруми моддаи 9  Қонуни мазкур дода шуда бошад – дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ ва агар бо вайронкунии талаботи қисмҳои якум ва сеюми моддаи 9  Қонуни мазкур пешниҳод шуда бошад — дар давоми панҷ соли пас аз нашри маълумот оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ дар хабарномаи расмӣ;(қҷт. 03.07.2012, №858)

— пурра дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар он ба номи агент ё намояндаи шахсе, ки дар яке аз давлатҳои узви Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба ин тамғаи молӣ бошад, ба қайд гирифта шуда ва ин бақайдгирӣ бо вайронкунии муқаррароти Конвенсияи зикргардида сурат гирифта бошад;

— пурра ё қисман, агар амалҳои соҳибҳуқуқ, ки ба бақайдгирии тамғаи молӣ марбутанд, тибқи тартиби бо қонун муқарраршуда ҳамчун рақобати беинсофона эътироф гардида бошанд – дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ.

Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва пурра ё қисман беэътибор дониста шавад, агар он бо вайронкунии муқаррароти қисми дуюми моддаи 23 Қонуни мазкур сурат гирифта бошад.

Ҳар шахс метавонад ба Шўрои шикоятӣ дар мўҳлатҳо ва бо асосҳои дар сархати якуми қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ эътирознома пешниҳод намояд. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Эътирознома ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси далели бо сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шўрои шикоятӣ  аз ҷониби шахси манфиатдоре пешниҳод карда мешавад, ки дар яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ мебошад. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Эътирознома ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар асоси далели бо қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шўрои шикоятӣ аз ҷониби ҳар шахс пешниҳод шуда метавонад.

Ариза дар бораи беэътибор донистани додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки бо тартиби дар сархати сеюми қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда қабул гардидааст, аз ҷониби ҳар шахс ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №858)

Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки аз рўи эътирознома ё аризаи тибқи қисми сеюми моддаи мазкур пешниҳодшуда қабул шудааст, пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 34. Қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ

Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

— бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати эътибори бақайдгирии тамғаи молӣ;

— дар асоси ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба пеш аз мўҳлат дар асоси қисми сеюми моддаи 26  Қонуни мазкур қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии  коллективӣ бо сабаби истифода бурдани ин тамға дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои ягонаи сифат ё хусусиятҳои дигари умумиро надоранд;

— дар асоси қарори бо тартиби муқарраршуда қабулгардида оид ба пеш аз мўҳлат дар асоси қисми чоруми моддаи 27 Қонуни мазкур қатъ ёфтани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ бинобар истифода нашудани он;

— дар асоси қарори Идораи патентӣ оид ба пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар сурати барҳам хўрдани шахси ҳуқуқӣ – соҳибҳуқуқ; (қҷт. 03.07.2012, №858)

— дар сурати аз он даст кашидани соҳибҳуқуқ;

— дар асоси қароре, ки онро Шўрои шикоятӣ аз рўи аризаи ҳар шахс оид ба қатъи пеш аз мўҳлати тамғаи молӣ қабул кардааст, агар тамғаи молӣ ба нишонаи маъмули ишоракунии молҳои навъи муайян табдил ёфта бошад.

Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии маъруф дар асоси далелҳои дар сархатҳои сеюм–шашуми қисми якуми моддаи мазкур муқарраргардида ва ҳамчунин дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ, агар тамғаи молии маъруф аломатҳои дар қисми якуми моддаи 23 Қонуни мазкур муқарраргардидаро аз даст дода бошад, қатъ мегардад.

 

Боби 11. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ СОҲИБҲУҚУҚИ ТАМҒАИ МОЛӢ

 

Моддаи 35. Баҳсҳое, ки бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд

Баҳсҳои марбут ба татбиқи  Қонуни мазкурро судҳо тибқи салоҳияташон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла баҳсҳоро:

— оид ба вайрон намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ;

— оид ба пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии коллективӣ бинобар истифода шудани он дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои  ягонаи  сифатӣ ё дигар аломатҳои ягонаро  надоранд;

— оид ба бастан ё иҷрои шартнома дар бораи додани ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва шартнома дар бораи вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ).

Боби 12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 36. Қарорҳои Шўрои шикоятӣ

Тартиби пешниҳоди эътирозномаҳо ва аризаҳо ба Шўрои шикоятӣ ва тартиби баррасии онҳоро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

Қарорҳои Шўрои шикоятӣ, ки аз рўи эътирозномаю аризаҳои тибқи тартиби бо моддаҳои 15, 24, 27, 33 ва 34  Қонуни мазкур пешбининамуда қабул шудаанд, аз ҷониби роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ карда мешаванд, аз санаи тасдиқшавиашон мавриди амал қарор мегиранд ва метавонанд дар суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гиранд.

 

Моддаи 37. Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои коргузорӣ

Барои пешниҳоди дархост, бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ, барои дароз кардани мўҳлати эътибори бақайдгирӣ ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки бо бақайдгирӣ ва дароз кардани мўҳлати эътибори бақайдгирии тамғаҳои молӣ алоқаманданд, пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.

Барои  гузаронидани экспертиза, барои ба маводи дархост дохил намудани тасҳеҳу ислоҳот, барои нашри маълумот оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ,  ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари марбут ба экспертизаи тамғаҳои молӣ аз ҷониби Идораи патентӣ пардохтҳои коргузорӣ ситонида мешаванд.

Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои коргузориро аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ ва ё бо ризоияти онҳо ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ супорида метавонад.

Андозаи пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои коргузориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 38. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобила аз ҳуқуқҳои дар  Қонуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 39. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

Агар меъёрҳои Қонуни мазкур ба санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон  мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои   байналмилалӣ амал мекунанд.

 

Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 41. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аломатҳои молу хизматрасонӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аломатҳои молу хизматрасонӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 4, моддаи 41) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 234

ШАРИКОН: