Қонуни ҶТ «Дар бораи паррандапарварӣ»

(АМОҶТ с.2010, №7, мод.565)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии соҳаи паррандапарвариро муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолият дар ин соҳа танзим мекунад.

 

БОБИ  1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

паррандапарварӣ — соҳае, ки вазифаи он аз парвариш, нигоҳубин ва истифодаи намуду зотҳои гуногуни паррандаҳо бо мақсади истеҳсоли тухм, гўшт, пар, пат ва ғайра иборат мебошад. Ба ин қабил паррандаҳо мурғ, мурғи марҷон, мурғобӣ, ғоз, мурғи фиръавн, бедона, кабўтари гўштӣ, шутурмурғ дохил мешаванд;

корхонаи паррандапарварӣ – корхонаи чўҷабарорӣ, зотафзункунӣ, зотпарварии паррандаҳо ва истеҳсоли гўшту тухм;

корхонаи зотпарварии паррандаҳо – корхонаи махсуси парвариши зотҳои алоҳида ва кроссҳои паррандаҳо, нигоҳдорӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо;

корхонаи зотафзункунии тартиби I – корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши шаклҳои авлодии паррандаҳо;

корхонаи зотафзункунии тартиби II корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши паррандаҳои дурага, ки дар натиҷаи ҷуфткунонии ду ва ё зиёда шаклҳои авлодии аз ҷиҳати ирсӣ фарқкунанда гирифта мешаванд;

корхонаи чўҷабарорӣ – корхонае, ки барои баровардани чўҷа махсус гардонида шудааст;

— кросс — маҷмўи авлодҳои сермаҳсул, ки тибқи нақшаҳои муайяни ҷуфткунӣ наслҳои маҳсулнокиашон нисбатан баландро медиҳанд.

 

Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паррандапарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паррандапарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи паррандапарварӣ

Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи паррандапарварӣ иборатанд аз:

— муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;

— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи паррандапарварӣ;

— муайян намудани мақомоти ваколатдори соҳаи паррандапарварӣ;

— муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;

-дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

 

Моддаи 4. Салоҳиятҳои мақомоти ваколатдор

Мақомоти ваколатдор салоҳиятҳои зеринро дорад:

— пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;

— таҳия ва татбиқи барномаҳо доир ба рушди соҳаи паррандапарварӣ;

— мусоидат намудан ба рушди илми соҳавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;

— таъмини ҳимояи ҳуқуқии объектҳо ва субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ;

— таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзими фаъолият дар соҳаи паррандапарварӣ, тарзу усулҳои баҳодиҳӣ ва баҳисобгирии саршумори паррандаҳо;

— тасдиқ ва пешбурди феҳристи намуд, зоту кроссҳои паррандаҳо, ҳифз ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо;

— таъмини иттилоотии рушди соҳа.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ВА ТАШКИЛИ СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ

 

Моддаи 5. Объектҳои соҳаи паррандапарварӣ

Ба объектҳои соҳаи паррандапарварӣ мансубанд:

—    корхонаи истеҳсоли тухм ва гўшт;

—    корхонаи зотпарварии паррандаҳо;

—    корхонаҳои зотафзункунии тартиби I ва II;

—    корхонаи чўҷабарорӣ.

 

Моддаи 6. Вазифаҳои субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба истеҳсоли тухм ва гўшти парранда, чўҷабарорӣ, зотпарварӣ ва зотафзункунии паррандаҳо машғуланд, субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ мебошанд. Субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ, новобаста ба шакли моликият ва мансубияташон, вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

— азнавтаҷҳизонии техникӣ, таҷдиди маҷмўӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои амалкунандаи паррандапарварӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва сифати маҳсулот, паст намудани арзиши аслӣ ва таъмини рақобатпазирии он;

— рушди робитаҳои корпоративӣ ва кооперативӣ бо корхонаҳои коркарди ғалладона ва истеҳсоли хўроки омехта;

— такмили технологияи парвариш ва нигоҳубини парранда;

— таҳкими пойгоҳҳои истеҳсол ва захираи хўрокиҳо аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ бо ҷорисозии технологияҳои серғизо намудани онҳо;

— бо хўрокиҳои серғизои омехта таъмин намудани талаботи корхонаҳои паррандапарварӣ;

— сари вақт андешидани тадбирҳои зарурии санитарию байторӣ;

—    мусоидат ба рушди корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои пешқадам;

— бунёди корхонаҳои зотпарварӣ ва зотафзункунӣ, аз ҷумла тартиби I ва II, ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-селексионӣ;

— офаридани зотҳо, кроссҳо ва паррандаҳои дурагаи сермаҳсул, такмили хусусиятҳои ирсӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо;

— дар мўҳлатҳои муайяншуда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисоботҳои дахлдор.

 

Моддаи 7. Идоракунии истеҳсолот

  1. Тартиб ва қоидаҳои пешбурди фаъолиятро дар соҳаи паррандапарварӣ мақомоти ваколатдор муайян менамояд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи паррандапарварӣ фаъолият менамоянд, ўҳдадоранд тартиб ва қоидаҳои муқарраршудаи нигоҳубин, хўрокдиҳӣ, таъмини афзоиши саршумори паррандаҳо ва талаботи байториро риоя намуда, иншоот ва таҷҳизоти дар ихтиёрашон бударо дар ҳолати хуби техникӣ, санитарӣ ва экологӣ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 8. Тайёр намудан ва бозомўзии мутахассисону            кормандони соҳа

Корҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон ва кормандони соҳаи паррандапарварӣ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:

— тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ;

— бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисону кормандони соҳаи паррандапарварӣ;

— ташкил ва баргузории семинар, машварат ва конференсияҳо доир ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи паррандапарварӣ;

— таъмини мутахассисони корхонаҳои паррандапарварӣ бо иттилоот ва маводи дигари дахлдор дар хусуси дастовардҳои навтарини илмӣ.

 

Моддаи 9. Воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ

  1. Воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандпарварӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Маҳсулоти воридшаванда ва содиршавандаи соҳаи паррандапарварӣ бояд ба талаботи регламент ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў бошад.
  2. Назорати воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 10. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои соҳаи паррандапарварӣ

Лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои соҳаи паррандапарварӣ бо риояи талаботи байторӣ, сохтмонӣ, экологӣ, санитарӣ ва дигар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Муқаррар намудани имтиёзҳо ва маҳдудиятҳо

  1. Имтиёзҳоро бо мақсади таъмини рушд ва дастгирии соҳаи паррандапарварӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Дар ҳолати ба миён омадани вазъи номатлуби эпизоотӣ мақомоти давлатии байторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба мўҳлати муайян барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани парранда ва махсулоти паррандапарварӣ маҳдудият муқаррар намояд.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал  қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№ 633

ШАРИКОН: