Қонуни ҶТ «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»

(АМОҶТ с. 2011, № 12, м.856)

Қонуни мазкур тартиби ташаккули нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро, ҳамчун манбаи захиравии мукаммалсозии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳо, инчунин мўҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳоро ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— нусха – намунаи ҳуҷҷати интишоргардида, ки бо нусхаи асл баробар аст;

— ҳуҷҷат – ашёи моддӣ, ки дар он иттилоот дар шакли матн, сабти овоз ва тасвир зикр гардидааст ва бо мақсади нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад;

— нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо – нусхаи намудҳои гуногуни  ҳуҷҷатҳои интишоргардида, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ройгон дастрас гардонида мешавад;

— нусхаи ҳатмии  пулакии ҳуҷҷатҳо– нусхаи намудҳои гуногуни  ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо пулакӣ дастрас гардонида мешавад;

— нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо – нусхаи намудҳои гуногуни  ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо фармоиши мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ барои паҳнкунии ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нусхаҳои намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо, ки бо фармоиши ғайрирезидентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд ва аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ба таври ройгон дастрас гардонида мешаванд;

— низоми нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо — тартиби муқарраршудаи қабул, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳамаи намудҳои нусхаҳои ҳатмии  ҳуҷҷатҳо;

истеҳсолкунандагониҳуҷҷатҳо — шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки чоп, интишор, барориш ва дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро амалӣ ва таъмин менамоянд;

— гирандагони ҳуҷҷатҳо – мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки барои қабул, нигоҳдорӣ ва ташкили истифодаи ҷамъиятии нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо ваколатдор гардидаанд;

— фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмўи намудҳои нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ҷамъ оварда, тибқи Қонуни мазкур барои нигоҳдории доимӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3.  Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар истеҳсол ва дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо иштирок менамоянд, татбиқ карда мешавад.
  2. Фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ оид ба ташаккул, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки ба Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба танзим дароварда мешавад.
  3. Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва дигар сирре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки дар як нусха таҳия гардидаанд, ҳуҷҷатҳои асосии электроние, ки танҳо дар низоми шабакавӣ паҳн карда мешаванд, ҳуҷҷатҳои идоравӣ ва техникӣ (намунаҳо, дастурамалҳо, маҳсулоти варақавӣ, китобҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ) татбиқ намегардад.

 

Моддаи 4. Мақсади ташкили низоми нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо

Мақсади ташкили низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ин аст:

— пуррагардонии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— амалӣ намудани бақайдгирии давлатии нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо;

— ташкили нигоҳдории доимии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— истифодаи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо барои хизматрасонии иттилоотиву библиографӣ ва китобхонавии истифодабарандагон;

— бақайдгирии давлатии (библиографӣ ва омории)  ҳуҷҷатҳои ватанӣ, омода намудани иттилооти давлатии библиографӣ (ҷорӣ ва тарҷеӣ) ва оморӣ;

— таҳия ва нашри каталогҳои маҷмўӣ;

— иттилоотонии ҷомеа аз ҳамаи намудҳои нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо;

—  ташаккул додани маҷмўи нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ;

— амалӣ намудани мубодила бо фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии кишварҳои дигар.

 

Моддаи 5. Намудҳои нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо

  1. Ба намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо инҳо дохил мешаванд:

— нашрия — маҳсулоти нашрӣ (матн, нота, харита, тасвир), ки таҳти   таҳриру тасҳеҳ қарор гирифта, аз ҷиҳати полиграфӣ мустақилона оро дода шуда, дорои маълумоти барориш мебошад;

— нашрия барои нобиноён – нашрияе, ки бо ҳарфҳои барҷастаю нуқтавӣ тибқи низоми Брайл ва «китобҳои гўё» нашр шудааст;

— ҳуҷҷатҳои расмӣ – маҳсулоти нашрие, ки аз номи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ чоп шуда, дорои хусусиятҳои қонунгузорӣ, меъёрӣ, дастурдиҳӣ ё иттилоотӣ мебошад;

— маҳсулоти аудиовизуалӣ – филмҳо, видео ва ҳуҷҷатҳои тасвирию овозӣ;

—  ҳуҷҷатҳои нашрнашуда – натиҷаи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (рисолаҳо, ҳисоботҳо доир ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, корҳои илмии барои нигоҳдорӣ супоридашаванда, алгоритмҳо ва барномаҳо);

— нашрияҳои электронӣ — ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо иттилоот дар шакли электронию рақамӣ зикр шудааст ва мавриди таҳриру тасҳеҳ қарор гирифта, маълумоти барориш дорад, интишор мегардад ва дар ҳомили мошинӣ паҳн карда мешавад, инчунин дорои барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва манбаи маълумот мебошад.

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо назардошти эҳтиёҷоти худ метавонанд намудҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ дохиланд, муайян намоянд.

 

БОБИ 2. ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ҲУҶҶАТҲО

 

Моддаи 6. Истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

Ба истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд:

— ташкилотҳои полиграфӣ;

— муассисаву ташкилотҳои телевизион ва радио;

— киностудияҳо, ташкилотҳои видео ва кинематографӣ;

— муассисаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ;

— муассисаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва конструкторӣ;

— дигар ташкилотҳои истеҳсолкунандаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

Истеҳсолкунандагони  ҳуҷҷатҳо ҳуқуқ доранд:

— ба интишори ройгони иттилооти библиографӣ дар нашрияҳои библиографии давлатӣ, феҳристкунонии мутамарказ ва нашрияҳои таблиғотӣ;

— ба нигоҳдории доимии ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо истеҳсолшуда дар фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни мазкур;

— ба ворид намудани иттилооти библиографӣ ба манбаи  автоматикунонидашудаи  маълумоти ватанӣ ва байналмилалӣ;

— ба ройгон дастрас намудани маълумоти фактографӣ ва оморие, ки ба маҳсулоти онҳо дахл дорад.

 

Моддаи 8. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

Истеҳсолкунандагони  ҳуҷҷатҳо ўҳдадоранд:

— нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ройгон дастрас намоянд;

— хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро ба арзиши аслии ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо дохиланд, илова намоянд;

— нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳои нуқсондорро бо дархости гирандагони  ҳуҷҷатҳо дар муддати як моҳ иваз намоянд.

 

Моддаи 9. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ройгони  ҳуҷҷатҳо

  1. Истеҳсолкунандагон ба гирандагони ҳуҷҷатҳо се нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро дар мўҳлати 10 рўзи пас аз интишори теъдоди нашри аввалин ва нашрияҳоро дар рўзи интишори ҳар як шумора ирсол менамоянд.
  2. Нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо метавонад аз ҳуҷҷатҳои омехта ва ҳуҷҷатҳои дорои чунин иттилооте иборат бошад, ки дар манбаъҳои гуногуни иттилоот ба қайд гирифта шудааст.
  3. Нусхаи ҳатмии иборат аз ҳуҷҷатҳои омехта ба гирандагони ҳуҷҷатҳо дар бастаи ягона дастрас карда мешавад.
  4. Номгўи гирандагони нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии пулакии  ҳуҷҷатҳо

Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии пулакии ҳуҷҷатҳо дар асоси шартномаи байни истеҳсолкунанда ва гиранда амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 11. Ирсоли нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо тавассути почта

Ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он тавассути почта бо тахфифи панҷоҳ дарсади тарифи барои ташкилотҳои буҷетӣ муқарраргардида анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 12. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

  1. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо бо мақсади хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотӣ ба шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки барои нигоҳдории доимӣ бо мақсади истифодаи ҷамъиятии нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳои нашрнашуда ва маҳсулоти аудиовизуалӣ масъуланд, нусхабардории пулакии онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи дархости китобхонаҳо, мақомоти иттилоотии илмиву техникӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо таъмин менамоянд.
  3. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ройгони нашрияҳои электронӣ, ҳамчунин барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва манбаи маълумоте, ки ба таркиби онҳо дохиланд ё нашрияи мустақил мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 13. Маълумотдиҳӣ дар бораи нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо

Гирандагони ҳуҷҷатҳо вобаста аз намуди нусхаи ҳатмии ройгони  ҳуҷҷатҳои дастрасшаванда тибқи дархости мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии  ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод менамоянд.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 14. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои ватанӣ ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди фазои ягонаи иттилоотии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои ватанӣ ба фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии ин кишварҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Назорати дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

  1. Назорати ба гирандагони ҳуҷҷатҳо дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо аз тарафи мақомоту ташкилотҳои ваколатдор амалӣ карда мешавад.
  2. Дар ҳолати дастрас нагардидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо гирандаи ҳуҷҷатҳо ўҳдадор аст, ки дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг хабар диҳад.

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида  мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 декабри соли  2011,

№ 792

ШАРИКОН: