Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ с. 2013, № 7, мод. 531)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ равона шудааст.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-минтақаҳои кўҳӣ) – минтақаҳое, ки дар ҳудуди онҳо иртифоъсанҷии муайян мавҷуд буда, ба он релефи мураккаби ландшафт хос мебошад;

иртифоъсанҷӣ (гипсометрия) – чен кардани баландии минтақаҳои кўҳӣ;

хусусияти табиии минтақаҳои кўҳӣ – шарти асосии меъёрҳои хоси низоми экологии табиӣ, ки барои зисти аҳолӣ шароити хос муҳайё сохта, ба саломатӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонад;

танзими давлатии рушди минтақаҳои кўҳӣ – низоми идоракунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки самтҳои асосӣ ва муҳими рушди минтақаҳои кўҳиро муайян менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ  ва принсипҳои асосии он

  1. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ ҷузъи таркибии сиёсати умумидавлатӣ буда, тавассути чорабиниҳо дар самти дастгирии минтақаҳои кўҳӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

—  афзалияти дастгирии давлатии минтақаҳои кўҳӣ;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақаҳои кўҳӣ;

— ҳифзи асосҳои иқтисодӣ ва экологии минтақаҳои кўҳӣ;

— дастрасии иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар  амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ;

— дастрасии иттилоот оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кўҳӣ;

— оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табии минтақаҳои кўҳӣ;

— таъмини муҳити мусоиди зист барои аҳолии минтақаҳои кўҳӣ.

Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур инҳоянд:

— муҳайё намудани шароит барои беҳсозии зисти аҳолии  минтақаҳои кўҳӣ, таъмини кору фаъолияти онҳо,  ҳамчунин кам кардани фарқияти сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кўҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳо;

— нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои табиии минтақаҳои кўҳӣ;

— фароҳам овардани шароити сармоягузорӣ ва ҷалб намудани сармояҳо барои рушди минтақаҳои кўҳӣ;

— инкишоф додани соҳибкории хурд ва миёна дар минтақаҳои кўҳӣ;

— анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 5. Ҳудудҳои минтақаҳои кўҳӣ

  1. Ҳудудҳои минтақаҳои кўҳӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

— ҳудудҳои минтақаҳои кўҳии миёна, ки дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити мўътадили табиӣ мебошанд;

— ҳудудҳои минтақаҳои кўҳии баланд, ки  дар баландии аз 1500 то 2000 метр  аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити нисбатан мўътадили табиӣ мебошанд;

— ҳудудҳои минтақаҳои кўҳии баландтар, ки дар баландии аз 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити хосаи табиӣ буда, барои саломатӣ, зисти аҳолӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонанд.

  1. Номгўи ҳудудҳои минтақаҳои кўҳии дорои шароити хосаи табиӣ мутобиқи иртифоъсанҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Захираҳои табиии минтақаҳои кўҳӣ

  1. Захираҳои табиии минтақаҳои кўҳӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истифодабарии объектҳои захираҳои табиии минтақаҳои кўҳиро доранд, онро бояд мақсаднок истифода баранд.

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КЎҲӢ

Моддаи 7. Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кўҳӣ

Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кўҳӣ  мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, тартиби иштироки онҳоро дар ҷараёни рушди минтақаҳои кўҳӣ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои кўҳӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои кўҳӣ  инҳоянд:

— ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ;

— таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

— таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кўҳӣ;

— амалӣ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ  инҳоянд:

— ташаккули фондҳои маҳаллии мақсадноки рушди минтақаҳои кўҳӣ;

— иштирок дар танзим ва истифодаи захираҳои табиии минтақаҳои кўҳӣ;

— таъмини дастгирии иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии минтақаҳои кўҳӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 10. Ҳадафҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кўҳӣ

Танзими давлатии рушди минтақаҳои кўҳӣ аз ҳадафҳои зерин иборат мебошад:

— таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот;

— инкишофи саноати коркарди маҳсулот;

— паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекории мавсимӣ;

— инкишофи инфрасохтор барои ташкили шаклҳои гуногуни саёҳат(туризм) ва истироҳат дар минтақаҳои кўҳӣ;

— мусоидат ба афзуншавии ҳаҷми маҳсулоти маҳаллӣ;

— ривоҷи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳу меваҳои худрўи шифобахш;

— оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

— таъмини дастрасии захираҳои қарзии имтиёзнок  барои корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар минтақаҳои кўҳӣ фаъолият менамоянд;

— инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ ва муҷаҳҳазонии муҳандисии минтақаҳои кўҳӣ;

— бо маводи илмӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ таъмин кардани маҳалҳои аҳолинишин дар  минтақаҳои кўҳӣ;

— пардохти музди меҳнат бо назардошти коэффитсиентҳои муқаррарнамудаи ноҳиявӣ ва фоизҳои иловагӣ ба музди меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кўҳӣ

Маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кўҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 12. Истифодабарии захираҳои табиӣ дар минтақаҳои кўҳӣ

  1. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табииро бо восита ва усулҳое истифода баранд, ки ба барқароршавии онҳо дар мўҳлати нисбатан кўтоҳ мусоидат намоянд.
  2. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи табиат риоя намоянд.
  3. Тартиби истифодабарии захираҳои табиӣ ва имтиёзҳоро дар минтақаҳои кўҳӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 3.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ  оид ба минтақаҳои кўҳӣ

Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба минтақаҳои кўҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни  мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 22 июли соли 2013,

№ 1003

ШАРИКОН: