Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»

 (АМОҶТ с. 2008, №1, м. 12)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва амали фаъолияти онро ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Худфаъолияти ҷамъиятӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон худфаъолияти ҷамъиятӣ эътироф карда шуда, аз тарафи аҳолии ҳудуди муайян масъалаҳои аҳамияти маҳалладошта ҳал карда мешаванд.
  2. Худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи аҳолии маҳал, ки ҳудуди муайянро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии беузвияти шаҳрвандон буда, мақсади он ҳал намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоиест, ки дар ҷои зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд.

2.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди кўча, гузаргоҳ ва деҳа (минбаъд маҳалла) бо ташаббуси аксарияти сокинони онҳо, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, таъсис дода мешавад ва барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гурўҳи аҳолӣ нигаронида  шудааст, ки манфиати онҳо бо расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ алоқаманд аст.

3.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  мақомот ё ташкилоти болоии худро надорад ва чун қоида «шўрои маҳалла», «кумитаи маҳалла», «кумитаи манзил» ва ба ин монанд номгузорӣ мешаванд.

4.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди деҳа ё шаҳраке (ҷамоат), ки ҷой гирифтааст, аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар Оинномаи он сабт карда мешавад.

Дар ҳудуди марзиву маъмурие, ки шаҳрак ва деҳа (ҷамоат) надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.

5.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад ҳисоби бонкӣ, мўҳр ва бланкаҳои худро дошта бошад.

6.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бо ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳамкорӣ намояд.

7.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад Шўрои  машваратӣ таъсис диҳад. Шўрои машваратӣ дар ҳудуди на кам аз ду Шўрои маҳалла таъсис дода мешавад. Ба ҳайати Шўрои машваратӣ чун қоида мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ шомил шуда метавонанд.

 

 

 

Моддаи 4. Муносибати мақомоти давлатӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1.Мақомоти давлатӣ барои ташкилу фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳуқуқи дахолат карданро надоранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, БАРҲАМДИҲӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

 

Моддаи 5. Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва тартиби таъсиси он

Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз инҳо иборат мебошад:

-Маҷлиси умумии маҳалла – мақоми олии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ дар он иштирок мекунанд. Маҷлиси умумии маҳалла ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки дар он аксарияти шумораи умумии иштирокчиён ҳозир бошанд;

-Шўрои маҳалла (кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба ин монанд – минбаъд – Шўрои маҳалла) – мақоми иҷроияи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ба он раис роҳбарӣ менамояд. Аъзои Шўрои маҳалла аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла аз ҳисоби иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо аксарияти овози иштирокчиёни Маҷлиси умумии маҳалла интихоб ва озод карда мешаванд. Тартиби таъсис ва мўҳлати ваколати Шўрои маҳалла мутобиқи Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян карда мешавад;

-Раис – роҳбари мақомоти иҷроияи худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла ба мўҳлати муайян интихоб карда мешавад. Тартиби интихоб, озод кардан ва мўҳлати ваколати раисро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд. Раис дар назди Маҷлиси умумии маҳалла ҳисоботдиҳанда мебошад ва ў метавонад бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии иштирокчиёни Маҷлиси умумии маҳалла пеш аз мўҳлат бозхонда шавад;

-Комиссияи назорати молиявӣ – мақоми назоратии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ҳайати он аз шумораи иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ интихоб карда мешаванд ва дар назди Маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Тартиби таъсис ва мўҳлати ваколати онро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.

 

Моддаи  6. Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тариқи овоздиҳӣ қабул карда мешавад.

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳамон вақт қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба ҷонибдории он аксарияти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ овоз дода бошанд.

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба ғайр аз маълумоте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ менамояд, бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

-номи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва салоҳиятҳои он;

-ҳайат ва  ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-самтҳои фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби қабул шудан ва баромадан (хориҷ шудан) аз ҳайати иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-ваколат ва вазифаҳои роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мақомот;

-тартиби таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-мўҳлати ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби қабули қарор дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи иштирокчиёни  мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-маълумот оид ба асосҳои молиявии амалӣ намудани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби таҳия ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-дигар маълумотҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла

Ба салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла дохил мешавад:

-қабули Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

-интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ – раис;

-интихоби аъзои Шўрои маҳалла;

-интихоби Комиссияи назорати молиявӣ;

-таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тасдиқ ва тағйири сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва назорати иҷрои он;

-шунидани ҳисоботи Шўрои маҳалла оид ба фаъолияти он ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол;

-қабули қарор оид ба маблағгузории ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тасдиқи миқдори маблағҳо, ки бо тартиби маблағгузории ихтиёрӣ аз тарафи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст;

-додани розигӣ ба ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.

 

Моддаи 8. Ваколати Шўрои маҳалла

Шўрои маҳалла:

-сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таҳия ва ба Маҷлиси умумии маҳалла пешниҳод менамояд;

-ба Маҷлиси умумии маҳалла оид ба сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳисобот медиҳад;

-ба Маҷлиси умумии маҳалла нақшаи идоракунии маҳалла, хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятро таҳия ва пешниҳод менамояд;

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳое, ки аз буҷети он гирифтааст, ҳисобот медиҳад;

-дар мувофиқа бо Маҷлиси умумии маҳалла оид ба ихтиёрдории молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар доираи ваколати Шўрои маҳалла амалӣ карда мешавад, қарор қабул менамояд;

-оид ба нигоҳдорӣ, ободонӣ ва ҳолатҳои санитарӣ-гигиении ҷойҳои истироҳатии маҳалла ва ҷойҳои истифодаи умум (боғҳо, гулгаштҳо, гардишгоҳҳо, обанборҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва дигар объектҳо)  корҳоро ташкил менамояд;

-назоратро оид ба таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ, газ, оби нўшокӣ ва дигар намудҳои хизмати маишӣ ташкил ва амалӣ менамояд;

-ба таъминоти моддӣ–техникии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, инчунин муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ саҳм мегирад ва мусоидат менамояд;

-ба аҳолӣ оид ба таъмини хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунад;

-дар ҳимоя ва дастгирии шаҳрвандони аз назари иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  истиқомат мекунанд, саҳм мегирад;

-ҷои гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва маросимҳои миллиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд;

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷои ҷамъиятии маҳалла муроҷиат менамояд;

-барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ аз иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси сметаи муайян маблағ ҷамъ мекунад;

-ба мақсади маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат менамояд;

-оид ба имтиёзҳо барои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди озод намудан аз пардохти андози замин ва дигар намудҳои андоз, истифода аз хизматҳои коммуналӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат менамояд;

-иҷрои маросимҳои диниву мазҳабиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

-расму оинҳои миллиро дар байни сокинони маҳалла тарғиб менамояд;

-идоракунии молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро амалӣ менамояд;

-оид ба инкишофи соҳибкорӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд;

-оид ба расонидани ёрии ҳуқукӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ истиқомат мекунанд, мусоидат менамояд;

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои хусусияти иҷтимоидоштаи маҳалли зист ёрӣ мерасонад.

 

Моддаи 9. Ваколати раиси маҳалла

Раиси маҳалла:

-ҷаласаҳои Маҷлиси умумӣ ва Шўрои маҳалларо раисӣ мекунад;

-дар ташкил ва гузаронидани ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ саҳм мегирад, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъмин менамояд;

-вохўриву сўҳбатҳоро бо ходимони сиёсию давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону адибон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия ташкил менамояд;

-нақшаи маҳфилу шабнишиниҳои ҳунарӣ ва озмунҳоро тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд;

-нақшаи мусобиқаҳои оммавӣ – варзиширо тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд;

-вохўрии омўзгорону мураббиёнро бо падару модарон ташкил менамояд;

-маросими даъват ва гусели даъватшудагони маҳалларо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

-ба расонидани ёрии байторӣ, муҳофизати наботот ва корҳои санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд;

-дигар ваколатҳоеро, ки Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян намудааст, амалӣ мекунад.

 

Моддаи 10. Ваколати Комиссияи назорати молиявӣ

Комиссияи назорати молиявӣ:

-аз рўи фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ назорат мебарад;

-ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ назорат мекунад;

-иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъятиро назорат мекунад;

-хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро назорат мекунад.

 

Моддаи 11. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тариқи овоздиҳии ошкоро;

-қабули қарори суд оид ба ғайриқонунӣ донистани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-амалӣ намудани фаъолияте, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф аст.

 

Моддаи 12. Асосҳои қатъ гардидани ваколати Шўрои маҳалла

Ваколати Шўрои маҳалла дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-анҷом ёфтани мўҳлати ваколат;

-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба қатъ гардидани ваколати Шўрои махалла;

-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар намудааст.

 

Моддаи 13. Асосҳои қатъ гардидани ваколати раис

  1. Ваколати раис ҳамчун роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-азнавинтихобкунӣ;

-мунтазам иҷро накардани ваколатҳои ба зиммаи ў вогузошташуда;

-нисбати ў мавриди амал қарор гирифтани ҳукми айбдоркунии судӣ;

-аризаи шахсӣ оид ба истеъфо;

-анҷом ёфтани мўҳлати ваколат;

-вафот, эътироф шудани корношоямӣ, инчунин бо қарори суд бедарак эътироф гардидани ў;

-иваз намудани ҷои истиқомати доимӣ (берун аз ҳудуди маҳалла), даъват ба хизмати ҳарбӣ, интихоб гардидан ба вазифаи интихобӣ, фаъолият дар хизмати давлатӣ.

  1. Маҷлиси умумии маҳалла ҳангоми қатъ гардидани ваколати раис дар мўҳлати понздаҳ рўз раиси навро интихоб менамояд.

 

Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо қарори Маҷлиси умумии маҳалла амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 15. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

  1. Маҷлиси умумии маҳалла дар доираи салоҳияти худ қарор қабул менамояд.
  2. Шўрои маҳалла дар доираи ваколатҳои худ қарор қабул менамояд.
  3. Раис дар доираи ваколатҳои худ фармон медиҳад.
  4. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки берун аз доираи салоҳият ё ваколатҳои онҳо қабул карда шудаанд, бо эътирози прокурор боздошта мешаванд.

 

 

Моддаи 16. Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

БОБИ 3. МОЛИКИЯТИ МАҚОМОТИ

ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

 

Моддаи 17. Моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, таҷҳизот, асбобу анҷом, маблағ ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин мақомот заруранд.

 

Моддаи 18. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

  1. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ инҳо мебошанд:

-воситаҳое, ки аз маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шудаанд;

-даромадҳое, ки аз ҳисоби таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратӣ гирифта мешаванд;

-маблағе, ки аз ҳисоби байнихудии ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ гирифта мешавад;

-хайрияҳо ва ҳадяҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

  1. Сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳисоботи солонаи он аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла тасдиқ карда мешавад ва ба маълумоти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ расонида мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 январи соли 2008,

№347

ШАРИКОН: