Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ  с. 2013, №3, мод. 177)

 

 

Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ, салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ҳалли масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани сарҳади онҳо, номгузорию номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, баҳисобгирию бақайдгирии онҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари вобаста ба сохти марзиву маъмуриро муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

сохти марзиву маъмурӣ – тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои марзиву маъмурӣ бо мақсади самаранок ташкил намудани идоракунии давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

воҳиди марзиву маъмурӣ – ҳудуди тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур муайяншудае, ки ҳудуди як ё якчанд маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои дигари беаҳолиро муттаҳид намуда, дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии  шаҳрак ва деҳот мутаносибан идоракунии давлатӣ ё фаъолияти худидоракуниро амалӣ менамоянд;

— маҳалли аҳолинишин – ҳудуди муайяни ҷои зисти аҳолӣ, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори демографии аҳолӣ, шуғли онҳо ташаккул ёфта, сохтмон ва навсозии манзилҳои истиқоматӣ, дигар биною иншоот ҷиҳати пешбурди ҳаёту фаъолияти аҳолӣ амалӣ гашта, номи худ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда марзи муайян дорад;

вилоят– воҳиди марзиву маъмурӣ, ки ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои дар ҳудуди муқарраргардидаи вилояти мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад;

шаҳр – маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо амалӣ карда мешавад. Шаҳр ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ метавонад ҳудуди ноҳия, шаҳрак ва деҳотро муттаҳид намояд;

ноҳия — воҳиди марзиву маъмурӣ, ки шаҳракҳо ва деҳоти дар ҳудуди муқарраргардидаи ноҳияи мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад;

шаҳрак – маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ҳудуди шаҳрак мумкин аст маҳалҳои аҳолинишини дигар, ки воҳидҳои марзиву маъмурии алоҳида нестанд, ташкил карда шаванд;

деҳот – воҳиди марзиву маъмурӣ, ки аз як ё якчанд деҳаҳо иборат буда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

деҳа – ҳудуди муайяни ҷои зисте, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳалли аҳолинишин ба қайд гирифта шуда, дар он дараҷаи муайяни ободонӣ таъмин карда шудааст;

маркази маъмурӣ – маҳалли аҳолинишин, ки дар он мақомоти идоракунандаи ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шудаанд;

бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин – амали мақоми ваколатдори давлатии бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ) дар бораи ба расмият даровардан ва ба Феҳристи ягонаи бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд — Феҳристи бақайдгирӣ) дохил намудани воқеияти таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, номгузорӣ ва номивазкунии онҳо;

баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин — амали баъди бақайдгирӣ аз тарафи мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд – Феҳристи баҳисобгирӣ) дохил кардан ва аз он хориҷ намудани маълумот дар бораи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

Ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мувофиқати манфиатҳои умумидавлатӣ ва манфиатҳои аҳолие, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунад;

— ваколатҳои худро амалӣ намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор;

— гуногуншаклии вазъи ҳуқуқии воҳидҳои марзиву маъмурӣ мутобиқи таъиноти онҳо, хусусиятҳои маҳал, сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар омилҳо;

— ошкорбаёнӣ ва ба ҳисоб гирифтани афкори умум ҳангоми ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ.

 

Моддаи 4. Воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва ҳудуди онҳо

  1. Ба воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот, ки дар онҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил карда шудаанд, дохил мешаванд.
  2. Ба ҳар як воҳиди марзиву маъмурӣ бо мақсади муайян намудани доираи ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ном гузошта, сарҳад ва маркази маъмурие, ки дар он мақомоти мазкур ҷойгир шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
  3. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сохти марзиву маъмурӣ ба ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим мешавад.
  4. Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба ҳудуди ноҳияҳои тобеи шаҳр тақсим мешавад.
  5. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи вилоят тақсим мешавад.
  6. Ҳудуди шаҳр ҳамчун воҳиди марзиву маъмурие, ки маҳалҳои аҳолинишини дигарро муттаҳид намудааст, ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак ва деҳот, ки воҳиди марзиву маъмурии алоҳида мебошанд, тақсим мешавад.
  7. Ҳудуди ноҳия ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба ҳудуди шаҳрак ва деҳот, ки воҳидҳои марзиву маъмурии алоҳида мебошанд, тақсим мешавад.
  8. Ҳудуди шаҳрак ҳамчун воҳиди марзиву маъмурии маҳалҳои аҳолинишини дигарро муттаҳидкунанда ба ҳудуди шаҳрак ва маҳалҳои аҳолинишине, ки воҳиди марзиву маъмурии алоҳида нестанд, тақсим мешавад.
  9. Ҳудуди деҳот ҳамчун воҳиди марзиву маъмурӣ ба ҳудуди маҳалҳои аҳолинишине, ки воҳиди марзиву маъмурии алоҳида нестанд, тақсим мешавад.

 

Моддаи 5. Маҳалҳои аҳолинишин

  1. Ба маҳалҳои аҳолинишин шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо дохил мешаванд.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрҳо аз рўи тобеият ба категорияҳои зерин тақсим мешаванд:

— шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— шаҳрҳои тобеи вилоят.

  1. Маҳалҳои хурди истиқоматии аҳамияти муваққатидошта, ки истиқоматкунандагони доимӣ надоранд ё объектҳои таъиноти хизматӣ мебошанд (хонаҳои ҷангалбонон, бошишгоҳҳои саҳроӣ, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, хонаҳои устоҳои минтақаҳои роҳсозӣ ва ғайра), инчунин ҳавлиҳои алоҳида маҳалли аҳолинишин ҳисобида намешаванд ва ба он маҳалҳои аҳолинишине тааллуқ доранд, ки бо онҳо аз ҷиҳати муносибатҳои хоҷагӣ, маъмурӣ ва ҳудудӣ алоқаманд мебошанд.

 

Моддаи 6. Категорияҳои маҳалҳои аҳолинишин

  1. Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи нишондодҳои зерин ба категорияҳо ҷудо мешаванд:

— шумораи аҳолии дар онҳо истиқоматкунанда;

— сатҳи рушд ва махсусгардонии инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;

— амалӣ намудани вазифаҳои давлатӣ дар ҳудуди дахлдор.

  1. Ба категорияи шаҳрҳо дохил мешаванд:

— шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъи ҳуқуқии он бо қонун муайян карда мешавад;

— шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои нисбатан калони иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон воҳиди марзиву маъмурии алоҳида мебошанд;

— шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ ба ҳисоб рафта, ба сифати воҳиди марзиву маъмурӣ ҳудуди шаҳрак ва деҳотро низ муттаҳид гардонидаанд.

  1. Ба категорияи шаҳрҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, корхонаҳои саноатӣ, сохтмону нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, фонди давлатии манзил, шабакаи ташкилотҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва савдою хизматрасонӣ дошта, теъдоди аҳолии онҳо аз 10 ҳазор нафар кам нест. Дар мавридҳои алоҳида ба категорияи шаҳрҳо маҳалҳои аҳолинишинеро низ дохил кардан мумкин аст, ки теъдоди аҳолии онҳо аз 10 ҳазор камтар буда, вале дар ояндаи наздик барои рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконият доранд.
  2. Ба категорияи шаҳракҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои муҳими иқтисодӣ (ташкилотҳои саноатӣ, сохтмонӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ғайраҳо), ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ, табобатию солимгардонӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ташкилотҳои савдо, хўроки умумӣ, хизматрасонии коммуналӣ воқеъ гардида, на камтар аз 2 ҳазор нафар аҳолӣ дошта бошанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба категорияи шаҳракҳо маҳалҳои аҳолинишини теъдоди аҳолиашон аз 2 ҳазор нафар камтарро низ дохил кардан мумкин аст, агар онҳо маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳисобида шуда, дар ояндаи наздик барои рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконияти воқеӣ дошта бошанд.
  3. Ба категорияи деҳаҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки ба дараҷаи муайяни ободонӣ ноил гардида, теъдоди аҳолии онҳо на камтар аз 50 нафарро ташкил медиҳад ва аз нисф зиёди аҳолии онҳо ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба категорияи деҳа маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ва мушкилгузареро низ дохил кардан мумкин аст, ки теъдоди аҳолии онҳо аз 50 нафар камтар мебошад.

 

Моддаи 7. Воҳидҳои ҳудудӣ

  1. Ҳудудҳои истифодаи низоми махсус (мамнўъгоҳҳо, боғҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, ёдгориҳои табиат, ҳудудҳои таъиноти мудофиавӣ ва дигар ҳудудҳо) воҳидҳои ҳудудӣ мебошанд.
  2. Таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, истифодабарӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои ҳудудӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Банақшагирии рушди марзӣ дар воҳидҳои марзиву маъмурӣ

Банақшагирии рушди минбаъдаи маҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар асоси баҳисобгирии маҷмўии вазъияти мавҷудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, шаҳрсозӣ ва шароити дигар дар ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТУ ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 9. Салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор:

-воҳидҳои марзиву маъмуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, барҳам ва тағйир медиҳад, маркази маъмурии онҳоро муқаррар мекунад;

— сарҳади воҳидҳои марзиву маъмуриро муқаррар мекунад ва тағйир медиҳад;

— мансубияти маҳалҳои аҳолинишинро ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа муайян мекунад ва тағйир медиҳад;

— масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд.

 

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани марказҳои маъмурӣ ва сарҳади онҳо, номгузориву номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин пешниҳод ирсол менамояд;

— ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, тағйир додани тобеияти онҳо  пешниҳод ирсол мекунад;

— оид ба баррасии масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ комиссия таъсис медиҳад.

 

Моддаи 11. Ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ:

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят дар бораи тағйири сарҳади Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, муқаррар кардану ба ҷои дигар кўчонидани марказҳои маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба муқаррар намудану тағйир додани сарҳади шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят, шаҳрак ва деҳот ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— бо назардошти афкори аҳолии ҳудудҳои дахлдор ва қарори мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд;

— Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ:

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар бораи тағйири сарҳади шаҳр, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба муқаррар намудану тағйир додани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— бо назардошти афкори аҳолии ноҳияҳои шаҳр ва қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи дахлдор оид ба номгузорӣ ва номивазкунии ноҳияҳои шаҳр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти марзиву маъмурии шаҳри Душанбе комиссия таъсис медиҳанд;

— Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди шаҳр пеш мебаранд.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои тобеи вилоят дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ:

— ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳрҳо, аз ҷумла дар бораи ба ҳайати онҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишини алоҳида, ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, тағйирёбии тобеияти онҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор барои номгузорию номивазкунии шаҳр, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд;

— Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамаи маводи дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардидаро бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
  2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи вилоят дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ:

— ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, тағйирёбии тобеияти онҳо, тағйир додани сарҳади ноҳия, шаҳрак ва деҳот қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудуди дахлдор барои номгузорӣ ва номивазкунии ноҳия, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;

— оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд;

— Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамаи маводи дар қисми 5 моддаи мазкур зикргардидаро бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.

 

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, номгузорӣ ва номивазкунии шаҳрак ва деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудани сарҳад ва марказҳои маъмурии онҳо қарори ҷамоат ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ВОҲИДҲОИ МАРЗИВУ МАЪМУРӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ОНҲО

 

Моддаи 13. Таъсис ва барҳам додани вилоятҳо ва тағйири сарҳади онҳо

  1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилоятҳоро таъсис ва барҳам медиҳад. Ҳангоми таъсис додани вилоят сарҳад, тақсимоти шаҳрию ноҳиявӣ ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешавад.
  2. Тағйир додани сарҳади вилоятҳо ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор амалӣ мегардад.
  3. Сарҳади Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тағйир дода намешавад.

 

 

Моддаи 14. Таъсис  ва барҳам додани шаҳр, шаҳрак ва тағйири сарҳади онҳо

  1. Таъсис ва барҳам додани шаҳр, шаҳрак ҳамчун воҳидҳои марзиву маъмурӣ ҳангоми ба категорияи шаҳр ва шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
  2. Тағйир додани сарҳади шаҳр ва шаҳрак аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор амалӣ мегардад.

 

Моддаи 15. Таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо ва тағйири сарҳади онҳо

  1. Ноҳияҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор таъсис ва барҳам медиҳад. Ҳангоми таъсис додани ноҳия сарҳад ва маркази маъмурии он, дар вақти таъсис додани ноҳияи тобеи шаҳр бошад, сарҳади он муайян карда мешавад.
  2. Тағйир додани сарҳади ноҳияҳо ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Таъсис ва барҳам додани деҳот ва тағйири сарҳади онҳо

Таъсис ва барҳам додани деҳот, тағйири сарҳади онҳо ва ба ҷои дигар кўчонидани марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад. Ҳангоми таъсис додани деҳот сарҳад ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин

Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад.

 

БОБИ 4. НОМГУЗОРИВУ НОМИВАЗКУНИИ ВОҲИДҲОИ МАРЗИВУ МАЪМУРӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ОНҲО

 

Моддаи 18. Талабот ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

  1. Номгузориву номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ, шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва шароити дигари маҳал, инчунин қарори маҷлиси аҳолии маҳалли дахлдор амалӣ мегардад.
  2. Ҳангоми номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳо такроран гузоштани номҳое, ки дар ин воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мавҷуданд, манъ аст.
  3. Хароҷоти молиявию моддии вобаста ба номгузорию номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҳисоби буҷети маҳаллие пардохт мегардад, ки ин воҳиди марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин дар он ҷойгиранд.
  4. Ба воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин гузоштани номи ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, мумкин аст.

Моддаи 19. Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

  1. Номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳамин воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин амалӣ менамояд.
  2. Номгузории вилоятҳо, ноҳияҳо ва деҳот дар вақти таъсиси онҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо дар мавриди ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 20. Номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин

  1. Номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кўчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин мувофиқан аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳангоми номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин такроран гузоштани номҳое, ки дар ин маҳалҳои аҳолинишин мавҷуданд, манъ аст.
  3. Бо номи шахсони дар қайди ҳаётбуда номгузорӣ кардани қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин манъ аст.

 

Моддаи 21. Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар

Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ВОҲИДҲОИ МАРЗИВУ

МАЪМУРӢ ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН

 

Моддаи 22. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

  1. Воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишине, ки марзи муайян ва аҳолии муқимӣ доранд, ҳамчун ҳудудҳои алоҳида ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  2. Маҳалҳои хурди истиқоматии аҳамияти муваққатидошта, ки истиқоматкунандагони муқимӣ надоранд (хонаҳои ҷангалбонон, бошишгоҳҳои саҳроӣ, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, хонаҳои устоҳои минтақаҳои роҳсозӣ ва ғайра), ба қайд ва ба ҳисоб гирифта намешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

  1. Бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ пас аз таъсис додан ва маҳалҳои аҳолинишин пас аз ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистан ва қабули қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи бақайдгирӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, анҷом дода мешавад. Тартиби бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Феҳристи бақайдгирӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:

— рақами тартибӣ;

— санаи таъсис дода шудан ё асос ёфтани воҳиди марзиву маъмурӣ ва ба категорияи шаҳр, шаҳрак, деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин;

— масоҳати воҳиди марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин;

— теъдоди аҳолии воҳиди марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин;

— масофа то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр;

— шумораи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин дар воҳиди марзиву маъмурии ба қайд гирифташаванда.

  1. Ҳангоми тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии онҳо, номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба Феҳристи бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд.
  2. Воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини марзи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳоро баъди бақайдгирии онҳо мутаносибан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба ҳисоб мегиранд.
  3. Феҳристи баҳисобгирӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:

— рақами тартибӣ;

— номи воҳиди марзиву маъмурӣ, маҳалли аҳолинишин;

— санаи таъсис додан ё асос ёфтани воҳиди марзиву маъмурӣ, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин;

— масоҳати воҳиди марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин;

— теъдоди аҳолии воҳиди марзиву маъмурӣ, маҳалли аҳолинишин;

— номгўи қисмҳои таркибии воҳиди марзиву маъмурӣ, маҳалли аҳолинишин;

— воҳиди марзиву маъмурӣ, ки ба ҳайати он воҳиди марзиву маъмурӣ, маҳалли аҳолинишини ба ҳисоб гирифташаванда дохил мешаванд;

— номи истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан ва масофа то ба он бо андозаи километр;

— масофа то маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр.

Моддаи 24. Хориҷ намудани маҳалҳои аҳолинишин аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ

  1. Маҳалҳои аҳолинишине, ки аҳолии онҳо аз минтақа баромада рафтааст ё ба ҷои дигар кўчидааст, бояд аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ хориҷ карда шаванд.
  2. Аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ инчунин маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак дохил гардидаанд ё бо дигар маҳалҳои аҳолинишин якҷоя карда шудаанд, хориҷ карда мешаванд.
  3. Маҳалҳои аҳолинишин бо тартиби барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ муқарраргардида аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ хориҷ карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки барои ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ заруранд

Ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, тағйир додани сарҳади онҳо, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи Номгўи ҳуҷҷатҳо ва мавод оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурие, ки ба Қонуни конститусионии мазкур замима гардидааст, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Баҳисобгирии омории воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

Баҳисобгирии омории воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ пеш бурда мешавад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 239; с. 2000, №11, мод. 513; с. 2003, №4, мод. 153; с. 2008, №3, мод. 182; с. 2009, №7-8, мод. 489; №12, мод.812) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни             конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 19 марти  соли 2013,

№ 958

 

Замима

ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

НОМГЎИ

ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои

сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд

 

  1. Ҳангоми таъсиси вилояти нав:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мактуби тавзеҳии дорои маълумоти асосноккунандаи масоҳати иҷтимоию иқтисодии зарурати таъсиси вилояти нав, сарҳадҳои пешбинишуда, тақсимоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, маркази маъмурӣ ва номи он, ҳудуд, теъдоди аҳолӣ, аз ҷумла теъдоди аҳолии шаҳрҳо ва деҳаҳо;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад.

 

  1. Ҳангоми тағйир додани сарҳади вилоят ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии он:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлисҳои вакилони халқи вилояте, ки як қисми ҳудуди он гирифта ва вилояте, ки ин ҳудуд ба он дохил карда мешавад дар бораи ризоият ба ин тағйирот;

-қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияе, ки ин ҳудуд ба ҳайати он дохил карда мешавад;

-қарори маҷлисҳои маҳалҳои аҳолинишини дахлдор ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бораи ризоият барои аз як вилоят ба вилояти дигар додани ҳудуд, агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд;

-мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгўи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ё маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нави вилоят дар ин маҳал;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва мактуби тавзеҳие, ки дар он далелҳои зарурати ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурӣ, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, масофаи он то марказҳои маъмурии ноҳияву шаҳрҳои вилоят ва пойтахти мамлакат нишон дода шудаанд.

 

  1. Ҳангоми таъсис додани ноҳияи нав:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки дар ҳудуди он ноҳияи нав таъсис дода мешавад;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи тақсимшаванда дар бораи ризоияти ба ҳайати ноҳияи нави таъсисёбанда додани як қисми ҳудуди он;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи нав, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияе, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази маъмурии пешбинишудаи ноҳияи нав, масофаи байни он то марказҳои маъмурии шаҳракҳо, деҳот, вилоят, пойтахти мамлакат, истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани муассисаҳои ноҳия, буҷети тахминии ноҳияи нав, номе, ки барои номгузорӣ ба ноҳияи навтаъсисёбанда пешниҳод мешавад ва шарҳи ин ном дарҷ гардида бошанд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақшаи ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилшаванда, ки дар он сарҳади ин ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот нишон дода мешавад.

 

  1. Ҳангоми таъсис додани ноҳияи шаҳр:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳре, ки дар ҳайати он ноҳия таъсис дода мешавад;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар мавриди дар ҳудуди вилоят таъсис додани ноҳияи шаҳр;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи шаҳре, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи шаҳр, масоҳати ҳудуд ва теъдоди аҳолии ноҳияи таъсисёбанда, номгўи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, тавсифномаи мухтасари фонди манзил ва хоҷагии коммуналӣ, маълумот дар бораи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, буҷети тахминии ноҳияи шаҳрии таъсисёбанда, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии ноҳия, номе, ки барои номгузории ноҳия пешниҳод мегардад ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-нақшаи шаҳр бо тарҳи сарҳади ноҳияи навтаъсисёбанда.

 

  1. Ҳангоми тағйир додани сарҳади ноҳия, ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии он, тағйир додани сарҳади ноҳияи шаҳр:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуд аз таркиби он гирифта ва ноҳияе, ки ҳамон ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад;

-қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор дар хусуси ризоият барои ба ноҳияи дигар додани ин ҳудуд;

-мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгўи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ё маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нав дар ин маҳал;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо мактуби тавзеҳии дорои далелҳои зарурати кўчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ бо нишон додани масофаи байни маркази нави маъмурӣ ва марказҳои маъмурии деҳот, шаҳракҳо, вилоят ва пойтахти мамлакат:

-қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияи шаҳрие, ки ҳамин ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад, бо мактуби тавзеҳии дорои тавсифи тағйироти пешбинишуда, тарҳи нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави ноҳияҳо.

 

  1. Ҳангоми ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят мансуб донистани маҳалли аҳолинишин:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ҷамоати шаҳрак бо пешниҳод дар бораи ба ин ё он категорияи шаҳрҳо мансуб донистани маҳалли аҳолинишин;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрҳои тобеи  ҷумҳурӣ ва вилоят мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маҳалли аҳолинишине, ки тағйир меёбад, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то маркази маъмурии вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳр, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии шаҳр, пешниҳод дар бораи номи шаҳр ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишин, ки ба шаҳр мансуб дониста мешавад, бо нишон додани сарҳади он.

 

  1. Ҳангоми ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори шаҳр, ноҳия, ҷамоати деҳот бо пешниҳод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии он, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то марказҳои маъмурии ноҳия ва вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳрак, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани ҷамоати шаҳрак, пешниҳод дар бораи номи шаҳрак ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишине, ки ба шаҳрак табдил дода мешавад, бо нишон додани сарҳади он.

 

  1. Ҳангоми тағйир додани сарҳади шаҳр ва шаҳрак:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (оид ба шаҳрҳои тобеи вилоят);

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ҷамоати шаҳрак, инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияе, ки дар тобеияти худ шаҳрак дорад, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи воҳиди марзиву маъмурие, ки як қисми ҳудуди он ба шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак, масоҳати ҳудуде, ки ба сарҳади шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад, номгўи маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолии ба қаламрави шаҳр, шаҳрак дохилшаванда, маълумот дар бораи муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои дигари дар ҳудуди додашаванда воқеъбуда дарҷ гардиданд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи нақшаи шаҳр, шаҳрак бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави пешбинишуда.

 

  1. Ҳангоми таъсис додани деҳоти нав:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар тобеияти худ шаҳрак ва деҳот доранд, бо дархост дар хусуси ташкил намудани деҳоти нав;

-қарори ҷамоатҳои деҳоте, ки аз ҳисоби хурд намудани онҳо деҳоти нав ташкил меёбад дар хусуси ризоият доир ба тағйир додани ҳудудҳояшон;

-қарори маҷлисҳои аҳолии деҳаҳои ба ҳайати деҳоти нав дохилшаванда дар хусуси ризоияти онҳо барои ба деҳоти нав додани ин маҳалҳои аҳолинишин;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати тавсиф намудани деҳоти нав, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолӣ ва номгўи маҳалҳои аҳолинишини деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешавад ва деҳоте, ки нав ташкил карда мешаванд, масофа аз маҳалҳои аҳолинишин то марказҳои  маъмурии деҳоте, ки ҳудуди онҳо хурд карда мешавад ва масофа аз маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳайати деҳоти нав дохил мегарданд, то маркази маъмурии пешбинигардидаи он, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим карда мешавад ва деҳоте, ки нав таъсис дода мешаванд, буҷети тахминии деҳоти нав, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани ҷамоати он, пешниҳоди номи деҳоти нав ва шарҳи он, инчунин маълумот дар бораи маркази маъмурии он дарҷ гардидаанд;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-тарҳи харитаи деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешаванд ва деҳоти нав таъсисёбанда бо нишон додани маркази маъмуриву маҳалҳои аҳолинишин, сарҳадҳои онҳо ва шабакаи роҳҳо ва.

 

  1. Ҳангоми тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии он:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии он;

-қарорҳои ҷамоати деҳоте, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва деҳоте, ки ҳамон қисми ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад. Агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, қарорҳои маҷлисҳои аҳолии онҳо дар хусуси ризоият барои додани ҳудуди маҳалли истиқомати онҳо ба деҳоти дигар пешниҳод карда мешавад;

-мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгўи маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии ҳар яки онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда;

-тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақщаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ;

-нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳади мавҷуда ва нав дар маҳалли мазкур;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, инчунин қарори ҷамоати деҳот бо мактуби тавзеҳии дорои асосноккунии зарурати ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, бо нишон додани масофа аз маркази маъмурии нав то маҳалҳои аҳолинишин ва маркази маъмурии ноҳия.

 

  1. Ҳангоми номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин:

Ҳангоми иваз намудани номи вилоят:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он асосноккунии зарурати иваз намудани номи вилоят ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.

Ҳангоми иваз намудани номи шаҳр, ноҳия:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (ҳангоми дигар кардани номи шаҳр, ноҳияи тобеи вилоят);

-қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияи дахлдор;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳр, ноҳия ва шарҳи номи нави онҳо зикр карда мешаванд.

Ҳангоми иваз намудани номи шаҳрак:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ шаҳрак доранд;

-қарори ҷамоати шаҳрак;

-қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини далдор;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳрак ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.

Ҳангоми иваз намудани номи деҳот:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд;

-қарори ҷамоати деҳот;

-қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳот ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.

Ҳангоми иваз намудани номи деҳа:

-пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия;

-қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак, деҳоте, ки дар ҳудуди худ деҳа доранд;

-қарори маҷлиси аҳолии ҳудуди дахлдор;

-мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳа ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.

ШАРИКОН: