Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология доир ба муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тавсияҳои аз натиҷаи он қабулгардидаро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 191 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

1. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба инобат гирифта шавад (замима мегардад).

2. Тавсияҳои мазкур барои чораандешӣ ба вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ирсол карда шавад.

3. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология назорати иҷрои Қарори мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаи он то 10 майи соли 2021 ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Рустами Эмомалӣ

 

ш. Душанбе,
25 январи соли 2021, № 205

 

Замима ба  Қарори Шӯрои
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» январи соли 2021, №205

 

ТАВСИЯҲОИ
МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ
оид ба вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

            11 декабри соли 2020                                            №2                                                    шаҳри Душанбе

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаи парламентӣ маъруза ва ахбороти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қ.,  узви  кумитаи номбурда Вализода А.И., муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримзода С.Ғ., муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Солеҳзода У., Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  Асозода Н.М. дар мавзӯи вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти ирсолшуда ва бо мақсади мусоидат намудан ба таҳкими иқтидори комплекси агросаноатӣ тавсияҳои зерин қабул гардид:

1. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология:

— таҳлили вазъи воқеии комплекси агросаноатӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ роҳандозӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва бахши  хусусиро оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он тибқи тартиби муайяншуда ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намояд;

— ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи таҳияшавандаи Барномаи давлатии мусоидат ба рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳоди мушаххаси худро ирсол намояд;

— якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор асосҳои ҳуқуқии суғуртаи аграриро мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳад;

— на дертар аз 30 апрели соли 2021 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

2. Вазоратҳои кишоварзӣ ва саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ вобаста ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мазкур таклифу пешниҳодҳои худро то 1 марти соли 2021 ба Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология манзур намоянд.

3. Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи мониторинги ҳолати дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ чораҳо ва роҳҳои алтернативии тақвият бахшидани онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон бо мақсади арзёбии татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ, тақвияти асосҳои ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мазкур, таҳлили вазъ ва рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои барномавии давлатии фарогири комплекси агросаноатиро дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ба роҳ монда, то 1 марти соли 2021 таклифу пешниҳодҳои худро, аз ҷумла оид ба такмили конунгузории кишвар дар ин самт, ба Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология манзур намоянд.

 

Раисикунандаи
муҳокимаи парламентӣ,

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои аграрӣ,
шуғли аҳолӣ ва экология                                                                                                                       Қ. Ҳакимзода

ШАРИКОН: