Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»

Қарори

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»

 

Мутобиқи моддаҳои 9 ва 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қ а р о р   м е к у н а м:

Ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 10 декабри соли 2020, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Рустами Эмомалӣ

 

ш. Душанбе,

23 ноябри соли 2020,

№ 8

 

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод кардан ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

ШАРИКОН: