Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода ҳайати кормандонро бахшида ба ҷашн табрик намуда, парчамро рамзи давлату давлатдорӣ, ки шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиш, рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд, маънидод кард.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ватандӯстии ҳар халқу миллат аз эҳтирому арҷгузорӣ ба он сарчашма мегирад.

Зикр гардид, ки парчам таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Наврӯз Қурбонзода, Парвиз Шамолов ва Ойбек Зоиров доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.

ШАРИКОН: