Фармони раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи матни савганди ҳарби

Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

 

  1. Матни Савганди ҳарби тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳамин Фармон барои тасдиқ ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Раиси Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э. Раҳмонов

17 феврали соли 1993,

Шаҳри Душанбн №34

 

Савганди ҳарбӣ

 

Ман______________________________________________________

ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, барои садоқат ба халқи худ, Сарвари ҷумҳурӣ савганд ёд мекунам ва ботантана қасам мехўрам:

Қонуни Асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя менамоям, ойиномаҳои ҳарбӣ, амрҳои фармондеҳону сардоронро бечуну чаро иҷро мекунам;

сарбози бошараф, боинтизом, далер ва ҳушёр бошам;

қасам мехўрам, ки то охирин нафас ба халқи худ содиқ бошам, нирў ва ҳаёти худро дареғ надошта, Ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа мекунам, ҳама душвориву маҳрумиятҳои хизмати ҳарбиро суботкорона паси сар менамоям, сирри давлатӣ ва ҳарбиро қатъиян пинҳон медорам;

агар ман ин қасами тантанавори худро шиканам, бигузор ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор шавам.

 

 

Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба тасдиқ намудани Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи матни Савганди ҳарбӣ»

 

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:

Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1993 «Дар бораи тасдиқи матни Савганди ҳарбӣ» тасдиқ карда шавад.

Раиси Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. Раҳмонов

26 июни соли 1993,

шаҳри Душанбе,

               № 844

Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Оиди тасдиқи Низомнома «Дар бораи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ»

 

Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомнома «Дар бораи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси  Шурои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Э. Раҳмонов 

17 феврали соли 1993,

шаҳри Душанбе

     № 1052.

Н и з о м н о м а

 

Дар бораи тартиби ёд кардани Савганди ҳарбӣ

 

  1. Қоидаҳои умумӣ

 

  1. Ҳамин Низомнома доираи шахсонеро, ки савганди ҳарбӣ ёд мекунан, муайян намуда, тартиби ёд кардани ин савгандро муқаррар менамояд.

1.2. Савганди ҳарбӣ ваъдаи расмӣ ва тантанавии (қасами) хизматчии ҳарбӣ (ўҳдадори ҳарбӣ) аст барои садоқат ба халқ ва Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қатъии Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои муҳофизати Ватан.

1.3. Матни Савганди ҳарбиро Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

  1. Шахсоне, ки савганди ҳарбӣ ёд мекунанд

 

2.1. Ҳар хизматчии ҳарбӣ ҳангоми дохил шудан ба сафи Қувваҳои     Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (мувофиқи даъват, аз рўи қарордод) ба тарзи инфиродӣ савганди ҳарбӣ ёд карда, онро бо имзои худ тасдиқ менамояд.

2.2  Савганди ҳарбиро инҳо ёд мекунанд:

а) аскарони ҷавон баъд аз хатми барномаи аскари ҷавон ва аз худ намудани вазифаҳои асосии аскар, аҳамияти савганди ҳарбӣ, Парчами ҷангии қисм ва интизоми ҳарбӣ, вале на дертар аз яку ним моҳи рўзи омадан ба қисми ҳарбӣ;

б) талабҳои муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва муҳассилини академияҳои ҳарбӣ, ки пештар савганд ёд накардаанд,- баъд аз гузаштани ҳамон мўҳлат.

2.3. Аскарони ҷавон, инчунин талабаҳои муассисаҳои таълими ҳарбӣ, муҳассилини академияҳои ҳарбӣ, ки пештар савганд ёд накардаан, ин савгандро бо роҳбарии командири қисми ҳарбӣ, сардори муассисаи таълимӣ, академия, управления, шўъба ё муассисаи ҳарбӣ ёд мекунанд.

2.4. Ўҳдадорони ҳарбӣ, ки дар қисми ҳарбӣ номнавис шудаанду пештар савганди ҳарбӣ ёд накардаанд, ин савгандро на дертар аз панҷ рўзи баъд аз омадан ба қисм ҳангоми ҷамъомади таълимӣ ёд мекунанд.

2.5. Дар вақти эълон шудани сафарбарии умумӣ ё ҷузъӣ ҳамаи ўҳдадорони ҳарбии эҳтиётӣ, ки дар замони осоишта савганди ҳарбӣ ёд накардаанд, онро баъди омадан ба қисми ҳарбӣ ёд мекунанд.

 

  1. Тарзи ёд кардани савганди ҳарбӣ

 

3.1. Санаи ёд кардани савганди ҳарбӣ дар фармони марбут ба қисми ҳарбӣ эълон карда мешавад. То он дам дар воҳидҳо бо ашхосе, ки бояд савганд ёд намоянд, дар бораи аҳамияти савганди ҳарбӣ корҳои эзоҳотӣ дода мешавад.

3.2. Дар вақти таъиншуда қисми ҳарбӣ бо Парчами ҷангӣ ва оркестр дар сафи пиёда либоси идона дар тан ва дар ҳолати ҳарбӣ либоси саҳроӣ дар тан бо силоҳ саф меорояд. Полк маъмулан ба тарзи колоннаҳои рота ё взвод дар як хат саф меорояд. Касони савгандхўранда дар қатори (сафи) аввал ҷой мегиранд. Командири қисм дар нутқи мухтасари худ ба аскарони ҷавон аҳамияти савганди ҳарбӣ ва вазифаи фахриву масъулиятноки хизматчиёни ҳарбии савгандхўрдаро эзоҳ медиҳад.

Баъди нутқи эзоҳотӣ командири қисм амри «Озод»-ро медиҳад ва ба командирони воҳидҳо ҳидоят медиҳад, то сарбозони ҷавон ба ёд намудани савганд оғоз кунанд.

Командири ротаҳо (батареяҳо) ва дигар воҳидҳо бо навбат сарбозони худро барои ёд кардани савганд аз саф даъват мекунанд.

Ҳар  аскар дар назди саф бо овози шунаво матни Савганди ҳарбиро мехонад ва баъд дар рўйхати махсус рў ба рўи фамилияаш имзо мегузорад, сипас ба саф бозмегардад.

Варақаҳои рўйхати ашхоси савгандёдкунанда пешакӣ мувофиқи намунаи муқарраркардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда, дар варақи аввал Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матни Савганди ҳарбӣ ҷой мегирад.

Баъд аз анҷоми савгандёдкунӣ командирони воҳидҳо рўйхатро, ки дар он савгандёдкардагон имзо гузоштаанд, ба командири қисми ҳарбӣ месупоранд. Командири қисм аскарони ҷавонро бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ва тамоми қисмро нисбати бо аскарони комилҳуқуқ пурра шудани қисм табрик мекунад ва сипас оркестр оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро менавозад.

Баъди хатми навои Суруди миллӣ қисми ҳарбӣ тибқи нишондоди Ойинномаи сафбандии Қувваҳои Мусаллаҳ бо марши тантанавор мегузарад.

3.3. Ҳама хизматчиёни ҳарбие, ки бо ягон сабаб дар рўзи таъиншуда савганд ёд накардаанд, дар рўзҳои минбаъда таҳти роҳбарии командири қисм алоҳида дар ситоди қисм савганд ёд мекунанд.

3.4. Рўйхати шахсони савгандёдкардаро рақамгузорӣ намуда, дар дохили ҷузъгири (папкаи) махсус медўзанд ва бо сурғуч мўҳр карда, дар ситоди қисми ҳарбӣ нигоҳ медоранд.

Дар билети ҳарбии (рўйхати хизматии) хизматчии ҳарбӣ сардори ситоди қисм чунин қайд мекунад: «Савганд ёд кардааст (рўз, моҳ,сол)». Баъд аз гузаштани муддати муайян рўйхатҳо ба бойгонӣ супурда мешаванд.

3.5. Ҳангоми ёд кардани савганди ҳарбӣ бо иҷозати командири қисм волидайни хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамъият метавонанд иштирок намоянд.

3.6. Рўзи ёд кардани савганди ҳарбӣ барои қисми ҳарбии мазкур рўзи ғайрикорӣ буда, он ҳамчун рўзи ид гузаронида мешавад.

 

4.Ҷои ёд кардани савганди ҳарбӣ

 

4.1.  Хизматчиёни ҳарбӣ савганди ҳарбиро маъмулан дар ҳавлии қисми ҳарбие, ки адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, ёд менамоянд.

4.2.  Дар вақти хунукии ҳаво ва боридани барфу борон савганди ҳарбиро дар дохили бино ёд кардан мумкин аст. Воҳидҳои ҳарбӣ баъд аз суханронии командири қисм тақсим шуда, ба биноҳо медароянд. Баъд аз анҷоми ёд кардани савганд воҳидҳои аскарон боз дар ҷои муқарраршуда саф меороянд, то ин ки ботантана қадам зада гузаранд.

4.3. Савганди ҳарбиро дар маҳалҳои шарафи муҳорибаю меҳнат, дар дигар ҷойҳои таърихӣ, ҳамчунин дар наздикии мақбараҳои шаҳидони задухўрдҳо баҳри озодию истиқлолияти Ватан ёд кардан мумуин аст. Дар ин ҳолатҳо ба маҳалли ёд кардани қасам маъмулан танҳо хизматчиёни ҳарбие бурда мешаванд, ки савганди ҳарбӣ ёд менамоянд.

 

  1. Масъулият барои вайрон кардани ин низомнома

 

5.1. Барои вайрон кардани талабҳои Низомнома, ба қайдгирии хизматчиёни ҳарбие, ки савганди ҳарбӣ ёд намудаанд, ҳамчунин барои ҳифзи рўйхати шахсоне, ки савганди ҳарбӣ ёд кардан, командири қисм масъулияти муқаррарнамудаи қонунгузориро ба дўш дорад.

ШАРИКОН: