«Соати парламентӣ»: шарҳу тавзеҳи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2021 бо мақсади оммафаҳм гардидани қонунҳои ҷонибдоригардида, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи иттилоотию маърифатии «Соати парламентӣ»-ро роҳандозӣ намуд.

Дар барномаи мазкур аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зарурати таҳия, ворид гардидани тағйиру иловаҳо, инчунин татбиқи самарабахши қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ ва муҳтавои онҳоро барои бинанда тафсир менамоянд.

Барномаи навбатии иттилоотию маърифатии «Соати парламентӣ» шоми 28 декабри соли 2021 тавассути Телевизиони Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ пахш гардида, дар он муқаррароти асосӣ, навгонӣ ва сабукиҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Зикр гардид, ки қабули Кодекси мазкур баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона гардида, аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат мебошад ва дар он  ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав теъдоди умумии андозҳо аз 10 намуд то 7 намуд кам гардидааст.

Ҷиҳати кам кардани арзиши аслии маҳсулот, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 15 то 5 фоиз кам карда шудааст.

Меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 13 фоиз пешбинӣ шудааст, ки чунин меъёр ба фароҳам овардани шароити мусоид ба саноатчиёни кишвар ва ба ин васила таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст.

Тибқи боби 55 Кодекси андоз низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андоз аз замин то 31 декабри соли 2023 озод мебошанд.

Дар боби 56 Кодекси мазкур барои фаъолияти инноватсионию технологӣ дар кишвар то 31 декабри соли 2026 тибқи низоми соддакардашудаи андозбандӣ воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳо истифода карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Тибқи муқаррароти моддаи 251 Кодекс воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва иншоотҳои дигари табобатӣ), инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ то 31 декабри соли 2026 аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

Воридоти техникаҳои кишоварзӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомобилҳои нав, ки аз санаи бароришаш як сол нагузашта ва масофаи 10 ҳазор километрро тайнакарда бошад аз 50 фоиз маблағи андоз аз арзиши иловашуда то 31 декабри соли 2026 озод мебошанд.

Меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои ҷои кори асосӣ 12 фоиз пешбинӣ карда шудааст (тибқи Кодекси пештара 13 фоиз муқаррар гардида буд).

Бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ – ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз пешбинӣ шудааст (тибқи Кодекси пештара 13 фоиз муқаррар гардида буд).

ШАРИКОН: