Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар кишварро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Россия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба бо Россия, ки шарики муҳими стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ, таъкид гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд намуданд, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 30 ноябри соли 2020 ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони мазкур 31 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

ШАРИКОН: