Парчами давлатӣ — рамзи истиқлолу озодӣ

24 ноябр дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ  муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандаршоҳ Каримзода оғоз бахшида, зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, ҳамасола дар кишварамон ин сана ҳамчун иди умумимиллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қайд гардид, ки парчам ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ буда, рангҳои он ифодагари муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, нишони бахту саодат, умеду орзу ва сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар идома мавсуф роҷеъ ба таъриху тамадуни халқи тоҷик, давлату давлатдории тоҷикон  ва аҳамияти Рӯзи Парчами давлатӣ маърӯза намуда, изҳор дошт, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар боиси ифтихор мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои  ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Дӯстов оид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

ШАРИКОН: