Оғози сафари расмии Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиба Гафарова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми 10 сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиба Гафарова ва ҳайати парламентии ин кишвар ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

ШАРИКОН: