Муҳокимаи парламентӣ: «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳокимаи парламентӣ таҳти раисии Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон зимни оғози муҳокима комплекси агросаноатиро яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуд, ки тараққиёт ва рушди он боиси афзудани истеҳсолот ва некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ мегардад.

Номбурда афзуд, ки чорабинии имрӯза барои пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Зикр гардид, ки комлекси агросаноатии кишвар аз рӯи ҳисса дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, бахшҳои саноат бо ашёи хом ва шумораи аҳолии дар он шуғлдошта, яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бахши кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи таркибии комплекси агросаноатӣ айни замон 21 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили шаклҳои устувори хоҷагидорӣ, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати таъминоти ҳуқуқии устувори соҳа кодексҳои гражданӣ, андоз, об, замин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи байторӣ» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Зимни муҳокимаи парламентӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ: мушкилот ва дурнамо», «Таҳлили тамоюлҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳолат ва дурнамои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳлилу арзёбии масъалаҳои соҳа аз ҷониби мутахассисони варзида, барои омодасозӣ ва такмили қонунгузории мамлакат басо муҳим буда, таклифу пешниҳодҳои имрӯза дар заминаи асосноккуниҳои ҷиддӣ ва ҳамкории аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  инъикос ва ба баррасии Ҳукумат ва парламенти кишвар манзур карда мешаванд.

Дар фарҷом бо инобати таклифу дархостҳо ва пешниҳоди иштирокчиёни чорабинии имрӯза тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул гардид, ки онҳо барои чораандешӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда хоҳанд шуд.

ШАРИКОН: