Мулоқоти Раҳмон Дилшод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран

15 июли соли 2021 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Фаронса Дилшод Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баргузор гардид.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентӣ дар асоси сиёсати сарони кишварҳо таҳкиму густариш ёфта, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Фаронса ба сатҳи сифатан нав расида ва ба ниёзҳои тарафҳо ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.

Дилшод Раҳмон иқтидори парламентарҳои кишварҳоро беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои мухталиф, бахусус маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки баҳри фарогирии ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Фаронса ҷудо намудани бурсияҳои бештар бомаврид мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҷоннок намудани кори гурӯҳҳои байнипарлумонӣ фазои мусоид барои омӯзиши амиқи механизми қабули қонунҳои барои ҷомеа судманд ва табодули дастовардҳои илмӣ фароҳам мегардад.

Дар навбати худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам ривоҷ ёфтани робитаҳои мавҷуда талош ба харҷ хоҳад дод.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.

ШАРИКОН: