Мулоқоти Раҳимӣ Фарҳод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот доир намуд.

Мулоқот бо дархости ҷониби Чин сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот дар атрофи масъалаҳои тавсеа ва густариши робитаҳои байнипарламентии ду кишвар, инчунин доир ба зарурати барқарор кардани вохӯриву тамосҳо дар сиғаи ҳузурӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

ШАРИКОН: