Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гузоштани номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бунёди нимпайкараи ӯ, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин зимни баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Бо назардошти вазъияти мураккаби Афғонистон, таҳдиду хатарҳои нав дар минтақа ва зарурати таҳкими сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар самти ҳарбию техникӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

 

ШАРИКОН: