Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом доданд.

Мулоқоти мазкур бо хоҳиши роҳбари корпуси дипломатии Франсия дар кишвар сурат гирифт.
Дар ибтидои суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири навтаъини Франсияро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар масири таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар комёбиҳо таманно намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Ҷонибҳо мавқеъ ва назари муштараки худро дар таъмини рушди устувор, пешбурду амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дар баррасии масоили тағйирёбии иқлим изҳор доштанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки солҳои охир баъди баргузории нахустин бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар соли 2015 ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия дар самти тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд.

Зимни суҳбат дар баробари дигар соҳаҳо инчунин рушди робитаҳои байнипарламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

ШАРИКОН: