Мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р. ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Н.А. Журавлев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҳайси ҳамраисони Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Нақшаи кори Комиссияи мазкурро барои соли 2022 ба имзо расониданд.

ШАРИКОН: