Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн

13 феврали соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманнро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфта, баён намуданд, ки аз нигоҳи объективона мо барои густаришу тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаҳои муҳимтарини ҳамкорӣ, қабл аз ҳама тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, туризм ва  ба хусус ҷалби сармоягузорӣ манфиатдорем.

Зикр гардид, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, аз ҷиҳати захираҳои он ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, аммо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ айни замон даст намедиҳанд, ки ин неъмати бебаҳои энергетикӣ, ки заминаи бузурги иқтисоди сабзро ташкил медиҳад ба манфиати иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва берун аз он ба пуррагӣ  истифода бурда шаванд.

Раиси Маҷлиси миллӣ ёдоварӣ намуданд, ки пешрафту дастовардҳои беназири кишвари Олмон ҳамчун лидери ҷаҳонӣ дар як қатор бахшҳои саноат ва технологияи босуръатрушдкунандаи иқтисодӣ  ба ҳамагон маълум мебошад.

Аз ин лиҳоз, афзуданд Маҳмадсаид Убайдуллоев, таҷрибаи омўзандаи Шумо оид ба саноатикунонии кишвар дар роҳи табдили ҷумҳурии мо аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли сипаришуда масъалагузорӣ гардидааст, хело муфид мебошад.

Мусаллам аст, ки ҳалли масъалаи зикрёфта бе татбиқ ва суръатбахшии дастовардҳои илмӣ-техникӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос,  аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Олмон тасаввурнопазир аст ва изҳори итминон намуданд, ки ҷаноби Сафир дар ин ҷода  саҳми босазо гузошта, нисбати афзудани теъдоди бурсияҳои ҷойдошта барои донишҷӯёни тоҷик тадбирҳои муассир меандешад.

Раиси Маҷлиси миллӣ зимнан қайд намуданд, ки барои ҷорӣ намудани доираи васеи навовариҳо дар ин ва дигар самтҳо, инчунин таҳкими муносибатҳо ва такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо мо ба тақвият ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ манфиатдорем, зеро  рушди минбаъдаи алоқаҳои байнипарлумонӣ ва табодули сафари парламентарҳо бешубҳа дар густариши ҳамкориҳои ҷонибҳо саҳми босазо ҳоҳад гузошт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, изҳор намуданд, ки мо ҳамчун ҳамсоякишвар — дорандаи сарҳади тӯлонию мураккаб ва умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ бо он, аз ҳама беш манфиатдор ва омода мебошем, ки дар ҳамаи самтҳо ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва минтақавиро баҳри татбиқи ташаббусҳои судманду амалисозии лоиҳаҳои судовару стратегӣ  дар тамоми масоили вобаста ба дастёбӣ ба сулҳи деринтизор, таҳкими амният ва барқарорсозии иқтисодиёт дар кишвари зикрёфта идома диҳем, зеро суботи минтақа дар Осиёи Марказӣ ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон робитаи пайваста дорад.

Дар маҷмуъ, Раиси Маҷлиси миллӣ зикр намуданд, ки мо парламентарҳо нисбати рушди муносибатҳои дуҷониба бо Олмон назари нек дошта, баҳри тақвияти онҳо омодаем тамоми зарфиятҳоро сафарбар намоем.

Ҷаноби Андреас Протманн аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвият ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ҷонибҳо ва тавассути он тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо мусоидат ва тадбирҳои судмандро анҷом хоҳад дод.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: