Мулоқоти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз дар доираи барномаи сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, зимни он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои шарикӣ ва робитаҳои байнипарламентии байни ду кишвари дӯст баррасӣ гардиданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори  қаноатмандӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Қазоқистон тавассути саъю талоши роҳбарони ду давлат сатҳи шарикии стратегиро касб намудаанд.

Заминаи васеи шартномавию ҳуқуқӣ ва муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо ба ин раванд мусоидат намуданд.

Дар рафти музокирот вазъи кунунии робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон дар ҳошияи баргузор гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбиву техникӣ табодули назар карданд.

             

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ду кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ба андозаи 30 фоиз афзуда, ба 1,1 миллиард доллари ИМА баробар шуд.

Дар ин зимн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд.

Дар робита ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон, идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкориҳо бо парламенти Қазоқистон дар чаҳорчӯби сиғаҳои бисёрҷониба, бахусус  Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аҳамияти хоса дода, ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо мебошад.

              

Изҳори боварӣ гардид, ки сафари расмии роҳбарияти Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музокироти имрӯза барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди байни кишварҳои мо саҳми арзанда мегузорад.

Баъд аз музокироти ҳайатҳои васеъ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқоти хосса анҷом доданд.

              

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстиву шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни баррасии ҳолати ҳамкории байнипарламентӣ оид ба фаъолияти палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар дар қолаби минтақавию байналмилалӣ табодули андеша карда шуд.Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятӣ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот маҳсуб ёфта, ҷонибҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламентро махсус қайд карданд.

ШАРИКОН: