Музокироти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо иштироки  ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба аҳаммияти фаъолияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парламентҳои давлатҳои Иттиҳод муҳим арзёбӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

   

 

 

 

 

 

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ду давлат дар соли сипаришуда 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2020 ба андозаи 30 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тақвияти ҳамкории самарабахш дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.

Дар идомаи рӯз, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамроҳи роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар маросими гулгузорӣ дар маҷмааи Шараф, ки дар ҳудуди боғи «28 панфиловчӣ»-и шаҳри Алмаато ҷойгир аст, ширкат намуданд.

ШАРИКОН: