Мизи мудаввар: «Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ»

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсияи Маҷлиси миллӣ ва Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия оид ба сиёсати иқтисодӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Зимни баргузории мизи мудаввар ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия аз қабилӣ:

— ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Россия;

— иштироки ниҳодҳои дастгирии содирот ва сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳо;

— мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ба хотири инкишоф додани муносибатҳои иқтисоди берунӣ;

— таҷрибаи Россия дар таҳияи қарорҳои пешрафта дар соҳаи ҳукумати электронӣ;

— шаҳрҳои «ҳушманд ва бехатар» амнияти иттилоотӣ;

— ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва почта;

-дурнамои рушди ҳамкории системаҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохт;

-ҳамкории мутақобила дар саноати автомобилсозӣ ва мошинсозии роҳи оҳанро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсияи Шарифҷон Ҷумъазода таъкид намуданд, ки равобити ду кишвар решаҳои тӯлонии таърихӣ дошта, дар доираи ин тавонистем мунисибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда ба бисёр бурдбориҳо ноил гардем, илова бар ин мавсуф қайд намуданд, ки «Россия шарики асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур мебошад».

Андрей Кутепов, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иқтисодӣ дар навбати худ таъкид карданд, ки Россия ва Тоҷикистон пайваста барои рафъи монеаҳои мавҷуд дар тиҷорати мутақобила, фароҳам овардани шароити баробар барои рақобат ва тавлидкунандагони ду кишвар талош доранд. Кутепов қайд намуд, ки зиёда аз 80 субъекти Федератсияи Россия бевосита бо минтақаҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, илму техникӣ ва маориф ҳамкорӣ мекунанд. Мавсуф зикр намуданд, ки «муколама имрӯз барои арзёбии иқтидори ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар ояндаи наздик ва инчунин вазъи ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни кишварҳои мо муҳим аст».

Дар кори мизи мудаввар инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, Бонки миллӣ, БДА «Амонатбонк», Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

ШАРИКОН: