Мизи мудаввар: «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Россия: маориф, илм, фарҳанг»

Мизи мудаввари мазкур дар доираи чорабиниҳо вобаста ба омодагии баргузории 7-умин Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» барпо шуд.

Мизи мудаввар бо иштироки васеи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи  сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Кумитаи Шӯрои федеративии Маҷлиси федералии Федератсияи  Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг, вазорату идораҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимиву илмии Федератсияи  Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз толори меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба тариқи онлайн бо ҳайати ҷониби Федератсияи Россия мулоқот намуданд.

Маърӯзачиён қайд намуданд, ки дар доираи муносибатҳои сатҳи олии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Маҷлиси федералии Федератсияи  Россия ҳамкориҳои судманд ва натиҷабахш дар самти маориф, илм ва фарҳанг ба назар мерасад.

Муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Бочарова Н.А. дар маърӯзаи худ ишора намуд, ки айни замон дар самти имл ва маориф 8 созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи он барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо амалӣ мешаванд, ки натиҷаи онҳо қонеъкунанда аст.

Бочарова Н.А. қайд намуд, ки дар баробари 5 мактабе, ки аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, 2 муассисаи таълимии таҳсилоташон бо забони русӣ барои амалисозии ҳадафҳои ҷойдошта фаъолият менамоянд. Инчунин, дар муҳокимаи маърӯзаи муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гумерова Л.С. пешниҳод намуд, ки Барномаи омода намудани мутахассисони ниёзманд барои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҳия карда шавад.

Дар маҷмуъ, кори мизи мудаввар аз ҷониби тарафҳо баланд арзёбӣ гардида, дар фазои якдигарфаҳмӣ, дустӣ ва хайрхоҳона баргузор гардид.

ШАРИКОН: