Иштирок дар ҷаласаи 53-юми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи панҷоҳусеюми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко доир гардид.

Тибқи дастур Раиси Милли Меджлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон С.Гафарова, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон М.Ашимбаев, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова И.Гросу, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Нарбаева ва Раиси Меджлиси Милли Генгеши Туркманистон Г.Маммедова бо суханони шодбошӣ баромад намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа як қатор санадҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби Ассамблея таҳиягардидаро, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод истифода карда шаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, оид ба баррасии лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ», «Дар бораи донории узвҳо», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ғалла», Тавсияҳо оид ба ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар ҳуҷҷатҳои роҳнамоии қувваҳои мусаллаҳ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодаги неруҳои двлатҳои иштирокчии ИДМ, Тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ,  Консепсия ва Асосҳои қонунгузории рушди устувор барои давлатҳои иштирокчии ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: