Иштирок дар ҷаласаи тантанавии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

29 март дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии АБ ИДМ, иштирок ва суханронӣ карданд.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко сурат гирифт.

Дар кори ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Раиси Маҷилиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Сенати Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Меҷлиси Милли Генгеши Туркманистон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиёни ҷаласа масъала «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро муҳокима ва изҳороти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул карданд.

Аъзои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба санаи муҳимми  30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентӣ андешаронӣ карда, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентиро дар доираи Созмон зарур шумориданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ таъкид доштанд, ки дар тӯли 30 сол Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳиммияти нақш ва афзалияти худро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарламентӣ собит намуд ва имрӯз ҳамчун сохтори босамари байнипарламентӣ эътироф гардидааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳаммияти хос дода, палатаҳои Маҷлиси Олӣ ҳамкории густурдаро бо сохторҳои Ассамблея ба роҳ мондаанд. Дар ин давра мо сиғаи Ассамблеяро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдошт ва таъмиқи робитаҳои тарафайни дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона истифода намудем.

Дар ҷараёни кори ҷаласа оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи он мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

ШАРИКОН: