Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

25 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои АБП ИДМ дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин сарварони парламентҳои Озарбойҷон – С.Гафарова, Арманистон – А.Симонян, Молдова – И.Гросу, палатаҳои болоии парламентҳои Беларус – Н.Кочанова, Қазоқистон – М.Ашимбаев, Ӯзбекистон – Т.Нарбаева, Туркманистон – Г.Маммедова, инчунин муовини Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон А. Касималиева ширкат намуданд.
Аъзои Шӯро дар доираи рӯзномаи ҷаласа дар маҷмӯъ 23 масъаларо оид ба масоили ҷорӣ ва мубрами ҳамкорӣ дар доираи АБП ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар ин зимн, натиҷаҳои кори созмон дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБП ИДМ дар соли 2022 қабул карда шуд.

ШАРИКОН: