Иштироки Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Генералии Форуми Осиёии Парлумонҳо оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD)

24 майи соли 2021 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дар кори ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Генералии Форуми Осиёии Парлумонҳо оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои ташкилӣ ва стратегияи минбаъдаи фаъолияти ин созмони минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи масъалаҳои кори ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод ҳамраиси кумитаи доимии Форуми Осиёии Парлумонҳо оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) оид ба сармоягузорӣ ва ҷавонон интихоб карда шуд.

ШАРИКОН: