Иттилои расмӣ оид ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 23 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муносибатҳои вобаста ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, ба таври муфассал тартиби даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва ба хизмати ҳарбӣ дар асоси ихтиёрӣ дохил шудани шаҳрвандонро муайян намудааст. Дар баробари ин, қонун хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро пешбинӣ намудааст. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад. Зимнан андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар иртибот ба қонуни мазкур ба як қатор қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илова ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд нисбати номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судя, барои кор дар мақомоти прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷро ва мақомоти гумрук талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад.

Инчунин тибқи рӯзномаи иҷлосияи панҷум аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокимарониҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул карда шуд.

Тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Турахон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Ҳамчунин дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» шунида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти корҳои анҷомдодаи мақомоти прокуратура ва таҳлили маълумотҳои омории вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли сипаришуда аз Прокурори генералӣ талаб намуданд, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани  шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.

Дастур дода шуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бобати баланд бардоштани самаранокии иштироки прокуророн дар баррасии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ, татбиқи чораҳои дахлдор нисбати санадҳои судии хилофи қонун ва назорати иҷрои санадҳои судӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки боиси расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар фарҷоми кори иҷлосияи панҷум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти ҳадаф ва афзалиятҳои фаъолияти палатаи болоии мақомоти олии қонунгузори кишвар, дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар соли 2021 тақвият додани раванди амалисозии дастуру супоришҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии он дарҷ гардидаанд, вазифагузорӣ намуданд.

Аз ҷумла, аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯстонаи хеш дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.

Бо ҳамин, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: