ДАР БОРАИ АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ, ИНТИЗОМӢ ВА МАЪМУРӢ ОЗОД КАРДАНИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ 27 МАРТ ТО 25 НОЯБРИ СОЛИ 1992 ҶИНОЯТ ВА АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ СОДИР КАРДААНД

(АШОҶТ соли 1992, №23, м.323)

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркўшӣ, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодии ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкори гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мўътадили институтҳои давлатӣ, инсондўстӣ зоҳир намуда, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Моддаи 1. Шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунии зеринро содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд:

ғасби биноҳои мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, коммуникатсия ва иншоотҳо;

муҳосираи роҳҳои нақлиёт ва роҳи оҳан, купрукҳо, биноҳо, вокзалҳо, стансияҳо, аэропортҳо, биноҳои телевизион ва радио, иншооту коммуникатсияҳо, ки ба оқибатҳои сангин наанҷомида бошанд;

ташкил ва гузаронидани гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва намоишҳои ба қайд гирифтанашуда;

вайрон кардани сарҳади давлатӣ, ки ба қочоқи маводи муходира вобаста нестанд.

Моддаи 2. Парвандаҳо нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршударо содир карда, дар истеҳсолоти мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ мебошанд, қатъ карда шаванд.

Моддаи 3. Шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона дар мўҳлатҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда бо роҳи дуздӣ ва ғорати амвол ё ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёт ҷиноят содир кардаанд, ба шарти то 31 декабри соли 1992 тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ба соҳибонашон баргардондани амвол аз ҷавобгари ҷиноятӣ озод карда шаванд.

Моддаи 4. Шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрўмӣ аз озодӣ ё маҳбасҳо ғайриқонунӣ озод карда шудаанд, дар сурати то 31 декабри соли 1992 ихтиёран ба ин ҷойҳо ё ба мақомоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Моддаи 5. Ҳамин Қонун танҳо нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад ва аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад.

 

 

И.В. Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Э.Раҳмонов

ш. Хуҷанд, 26 ноябри соли 1992,

№ 728

ШАРИКОН: