Гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Субҳи 13 май Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев дар доираи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

ШАРИКОН: