Гулчанбаргузорӣ дар пояи Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» дар шаҳри Нур-Султон

23 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Ҷумҳурии Қазоқистонро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Шокиров Аскар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

                           

ШАРИКОН: