Вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Имрон Ҳайдар

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар мавсуфро бобати Сафир таъйин гардиданаш шодбош намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.

Раиси Маҷлиси миллӣ таҳкими муносибатҳою ҳамкориҳои мутақобилан  судманди кишварҳоро дар ҳама самтҳо, хусусан иқтисоду тиҷорат, соҳаҳои гидроэнергетикаю инфрасохторӣ, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000, саноатикунонию сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Сарони давлатҳо ва санадҳои баимзорасидаи ҷонибҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро доро гардида, рушди минбаъдаю татбиқи бомароми онҳоро муайян  намудаанд, махсус таъкид карда, изҳор доштанд, ки дар ин замина такмили пайвастаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо беш аз ҳарвақта тақозои замон мебошад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз мавқеи наздик ва ё яксони мамлакатҳо дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа, пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккилона мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки танҳо фаъолияти муштараки хайрхоҳонаи ҷонибҳои марбута дар ҳамкорию ҳамраъйӣ баҳри таъмини Афғонистони босубот метавонад кафили осудагии минтақа  ва рушди муттасили он гардад.

Ҷаноби Имрон Ҳайдар дар навбати худ барои қабул ва муҳтавои мулоқоти пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, бо ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён  дошт, ки дар давраи фаъолият омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд фаъолияти мақсаднокро ба роҳ хоҳад монд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт.

ШАРИКОН: