Баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Субҳи имрӯз (21 июни соли 2021) дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 масъала, аз ҷумла лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон дар хусуси қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти ҷаласа тибқи пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор баррасӣ карда шуданд.

Аъзои Шӯро инчунин масъалаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯҳои «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплеки агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» ва «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳамаҷониба баррасӣ ва муҳокима намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул карда шуданд.

Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро анҷом дод.

ШАРИКОН: