Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои иқтисодиёту коммуникатсия

7 декабри соли 2021 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид, ки дар он Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергияи атомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти наклиётӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба қонунҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

ШАРИКОН: