Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

6 декабр ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти раёсати раиси Кумита Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаи Кумита нисбат ба қонуни муҳокимашуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.

 

 

 

ШАРИКОН: