Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

5 июли соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби аъзои Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, масъули намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: