Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

5 июли соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби аъзои Кумита  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, масъули намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита вобаста ба қонунҳои баррасишуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: