Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 декабри соли 2021 дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор гардид, ки дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба ин масъала аз ҷониби аъзои Кумита мубодилаи афкор сурат гирифта, нисбати қонуни мазкур хулосаи Кумита ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

ШАРИКОН: