Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

Дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар натиҷа хулосаҳои Кумита нисбат ба қонунҳои зикршуда пешниҳод гардиданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита — Ҷабборӣ Б.И., Одилзода Д.Р. ва Додхудо Ф., инчунин роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

ШАРИКОН: