Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

6 марти соли 2023 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси он Раҳимӣ Фарҳод баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Аъзои Кумита тибқи рӯзномаи ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суѓд ва номгузорӣ намудани онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзнома дар ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, аз рӯи натиҷаи муҳокимаронӣ хулосаҳои Кумита вобаста ба қонун ва пешниҳоди баррасишуда, қабул гардиданд.

ШАРИКОН: