Баргузории ҷаласаи Кумитаи аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

Имрӯз таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид, ки дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» (дар таҳрири нав), «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баргузории ҷаласа қонунҳои болозикр аз ҷониби аъзои Кумита мавриди таҳлил ва баррасӣ  қарор гирифта, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор ба ҷаласаи  Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

ШАРИКОН: