Баргузории ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми VII байнипарламентӣ: «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»

30 сентябри соли 2021 ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва доир намудани Форуми VII байнипарламентӣ: «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р., раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Ф., Раҳмон Д.С., Гулзода М.Қ., кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аз ҷониби Федератсияи Россия ҳамраиси Кумитаи тадорукот, муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Н. Журавлев, муовинони раисони як қатор кумитаҳои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, аъзои комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва кормандони Дастгоҳи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии зикршуда масъалаҳои ташкилии форуми дарпешистода, дар мизҳои мудаввари он баррасишаванда, инчунин масоили марбут ба мизи мудаввар оид ба арзёбии ҳамкорӣ дар самти иҷтимоӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифтанд.

Мувофиқа гардид, ки кумитаҳои соҳавии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия то баргузории ҷаласаи ояндаи Кумитаи тадорукот вобаста ба пуррагардонии қисмати муҳтавоии мизҳои мудаввари форум, муайян намудани теъдоди иштирокчиён ва ҳалли дигар масъалаҳои ташкилӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур рафти омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи 9-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ШАРИКОН: