Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми июли соли 2022 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар баробар шуд.

Субҳи рӯзи 23-юми июли соли 2022 тифле, ки бо таввалуд шуданаш шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 10 миллион нафар расонид, муайян гардид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон модари тифл сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдулқодирхоҷаи Савдо, гузаргоҳи 2, ҳавлии 74 Махфират Шокирова, соли таваллудаш 1999 мебошад.

Тифли навзод дар ин оилаи ҷавон нахустфарзанд буда, модараш Махфират Шокирова зани хонашин ва падараш соли таввалуди 1998 коргари муваққатӣ дар хориҷи мамлакат Фаридун Баротов мебошад. Тифли навзод писар буда, имрӯз 23-июли соли 2022 соати 12:27 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.

Вазни писарчаи навзод 3 киллограму 250 грамм буда, қадаш 50 сантиметр мебошад. Вазъи саломатии кӯдаки навзод дар лаҳзаҳои аввали таваллуд аз ҷониби мутахассисон хуб арзёбӣ шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли навзодро табрику шодбош гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли навзодро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт ба Махфират Шокирова қарори дахлдор имзо намуд.

Модари хушбахт баъди аз таваллудхона баромадан ба манзили нави сеҳуҷрагии худ гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ манзили зисти тифли навзод, ки бо таввалуд шуданаш аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда мешавад.

Оилаи хуштолеъи кӯдаки навзод ва аҳли хонаводаи онҳо барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдории бепоён намуданд.

Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро ба муносибати ба 10 миллион нафар расидани шумораи аҳолии Тоҷикистон табрик намуданд.

ШАРИКОН: