Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябр дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода И.М. ҳусни оғоз бахшид.

Зикр гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, ҳамасола дар кишварамон ин сана ҳамчун иди умумимиллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон назар намоем, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи  тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардида, дар он намояндагони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб намуданд.

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон маҳз рӯзи 16 ноябри соли 1994 аввалин маротиба ба ҳайси Президент савганд ёд карданд.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода И.М. аҳамияти таърихии кору пайкор ва хизматҳои фидокоронаи шахсияти барҷастаи диёр – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Сарвари давлат зикр карда, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар боиси ифтихор буда, он чун рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ мудири котиботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирҷон Ҳикматулло, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмудов Н.Р., сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Муҳаббати Камол, сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Шамолов Парвиз ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ Одинаев И.М. оид ба хизматҳои бузургу беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат софдилона хизмат менамоянд.

          

ШАРИКОН: