Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р м е к у н а м:
Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 3 феврали соли 2025, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе,
17 январи соли 2025,
№ 46