Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи навбатии «Соати парламентӣ»

Шоми 29 декабри соли 2021 барномаи навбатии иттилоотию маърифатии «Соати парламентӣ» тавассути Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар барномаи мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода ширкат намуда, моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» барои бинандагон шарҳу тавзеҳ доданд.

Ба роҳ мондани шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи васеи дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааанд, аз талаботи нақшаи чорабиниҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бармеояд.

ШАРИКОН: