Иншооти мазкур дорои манораи алоқа бо баландии 435 метр аст, ки баландтарин бурҷи Эрон, шашумин бурҷи баланди мухобиротии ҷаҳон ва 24-умин сохтмони баландтарини ҷаҳон мебошад.
Бурҷи Милод чун яке аз рамзҳои пойтахти Эрон ба далели баландӣ тақрибан аз ҳама гӯшаҳои шаҳри Теҳрон намоён буда, аз баландии манораи он манзараи зебои шаҳр ба назар мерасад.
Дар баландии 276 метр тарабхонаи чархзананда ва болотар аз он биноҳои асосии манора иборат аз 12 табақа ҷойгир шудаанд.